Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Семинари кишти картошка баргузор гардид

     /05.12.2018/ Дирӯз дар хоҷагии деҳқонии Амриддини Раҷабалии Ҷамоати деҳоти Чубек семинари кишти картошка баргузор гардид. Дар кори семинар олимони соҳа аз Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Т., номзади илмҳои кишоварзӣ Рашидов Қ, иштирок намуда, ба хоҷагидорон тартиби кишти картошка, додани доруҳои органикию минералӣ, коркарди байни қаторҳо, муборизаи зидди ҳашаротҳои зараррасон, усул ва давраҳои обмонии картошкаро муфассал фаҳмонданд.

    Бояд қайд намуд, ки соли 2018 дар соҳаи картошкапарварӣ соли бобарор буд. Деҳқонони ноҳия дар майдони 190 гектар кишти картошка гузаронида 3515 тонна картошка истеҳсол намуданд, ки ин аз ҳар як гектар 185 сентнериро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2017 истеҳсоли картошка дар бахши хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1409 тонна зиёд гардидааст.

   Дурнамои кишти картошка барои соли 2019 дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 168 гектар муайян  гардидааст.  Ба ҳолати 01.12.2018 дар майдони 40 га кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки ин баробари 24 фоизи дурнамо мебошад.

    

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ