Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2018

      Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2018 баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, андоз, молия, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳо, ва марказҳои саломатии деҳотии ноҳия ва дигар намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

      Инчунин, дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Ризоев Абдурозиқ иштирок намуданд.

     Бо сухани ифтитоҳи раиси ноҳия муҳтрам Одиназода Бозоралӣ Неъмат маҷлисро оғоз намуда, ҳозиринро бо масълаи баррасишаванда шинос намуданд.

       Аз рӯи масъалаи  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2018 муовини якуми раиси ноҳия Холиқов А.Б дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

        Баъд аз шунидани ҳисобот аз масъулини сохторҳои дахлдор аз ҷумла, сардори Раёсати кишоварзӣ, сардори Маркази назорати бехатарии озуқаворӣ, мудири шуъбаи маориф ва сардухтури ноҳия оид ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда шуд.

 

  

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ