Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қарзҳои бонқӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия мусоидат менамояд

      Аз тарафи бонкҳои ноҳия, дар соли 2018 ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия 24 миллиону 101,0 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ, аз ҷумла  9269,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 4126,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тиҷорат, 1142,2 ҳазор сомонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, 9253,3 ҳазор сомонӣ ба зарурияти иҷтимоӣ ва истеъмолӣ ва 310,1 ҳазор сомонӣ ба дигар хизматрасониҳо ҷудо карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад.

    Дар ин давра ба воситаи бонкҳо  ба ноҳия дар ҳзаҷми 739,5 ҳазор  доллари амрикоӣ ва 1 милиарду  826 милиону 507,1 ҳазор  рубли русӣ дохил шудааст, ки ин  бо асъори миллӣ 268 миллиону 597,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ