Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рушди нишондиҳандаҳои асосии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2018

     Соли 2018 дар натиҷаи чораҳои андешида шуда ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 517 миллиону 490,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки  афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,4 фоиз ё ин ки 17 миллиону    105  ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад дар ноҳия ба 82 миллиону 289,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,9 фоизро ташкил медиҳад.

     Давоми соли 2018 дар ноҳия 1027,4 тонна гушт ва маҳсулотҳои гуштӣ, 13447,3 тонна орд, 258,82 тонна равған,  12311,2 тонна намак, 650,5 тонна нон ва маҳсулотҳои нонӣ, 766,77  ҳазор дона хишти сементӣ, 20259,65 метри мукааб сангреза ва 16266,9 метри мукааб рег истеҳсол карда шудааст.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ