Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

/08.01.2019/ Дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №2 маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ, раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, мудири шуъбаи молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилони гурўҳи ҳизбии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

         Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия масъалаҳои зеринро дида баромад:

  1. Ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2018».
  2. Ҳисоботи роҳбари гурўҳи вакилии ҳизбӣ Малиқоев. Ҷ: «Дар бораи фаъолияти гурўҳи вакилии ҳизбӣ дар соли 2018».
  3. Тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб.
  4. Тасдиқи нақшаи кории КИ ҲҲДТ дар ноҳия барои соли 2019.
  5. Тасдиқи низомномаи озмуни беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи ташкилот, корхона, муассиса ва Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия.
  6. Тасдиқи низомномаи озмуни ноҳиявии КИ ҲХДТ дар ноҳия барои дарёфти стипендияи ноҳиявии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои 10-11 уми МТМУ-и ноҳия дар соли 2019.

Узви КИВ ва КИН, раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, сармуҳосиби КИВ Саидаъзам Шомуродзода ва дигар баромадкунандагон фаъолияти кории КИН-ро дар соли 2018 хуб арзёби намуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз рўи масъалаҳои дар рўзнома пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

 

 

 

    

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ