Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Назорат ва истифодаи самараноки замин

      Масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия дар доираи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва заминҳои аз гардиши кишварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 корро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи идораи замини ноҳия дар ҳудуди ноҳия ягон гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун намондааст. Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 25 майи соли 2018, №317 дар майдони 2,0 га заминҳои партови хоҷагиҳои деҳқонии “Сафаралии Карим”, “Истиқлолият-2015”, “Шафӣ”ва “Дўстӣ” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Инчунин, 5,00 га заминҳои чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Улуғбек” ба намуди заминҳои корами лалмӣ гузаронида шуд, ки ин заминҳо дар ҳисоботи солонаи замини ноҳия ба ҳолати 01.01.2019 ворид карда шудааст. .                                                     Ҳамзамон, дар ин давра  бо мақсади иҷро ва риояи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи нозирон ва ҳифзи истифодаи замин 140 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузорӣ вобаста ба заминро аз тарафи заминистифодабарандагон дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ошкор намуданд. Аз ҷумла, ба Ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон 10 адад, Меҳнатобод 34 адад, Чубек 21 адад, Панҷоб 4 адад, Панҷрўд 10 адад, Даштигуло 18 адад, деҳоти ба номи Турдиев 12 адад ва Ҷамоати шаҳраки Москва 31 адад рост меояд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ