Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ» ДАР АМАЛ

        /10.01.2019/ Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба тадбиқи амалии аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Восеъ»-и Ҷамоати шаҳраки Москва бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

         Боиси қайд аст, ки дар ин корҳои ободонӣ зиёда аз 500 метр ҷуйбор тоза карда шуда, ҳамзамон бехи зиёда аз 150 дарахт нарм карда шуд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев зимни вохурии худ бо аҳли фаъолони ташкилоти ибтидоии «Восеъ» вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, ки тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирифт суҳбат намуданд. Ҳамзамон эълон гардидани солҳои 2019-2021 солиҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат ин пайки шодиву сурур ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла ба мардуми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Боиси тазакур аст, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро мардуми ноҳия Ҳамадонӣ бо тамоми ҳастии хеш қабул намуданд ва ба итминони боварӣ гуфта метавонем, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоем.

 

 

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ