Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо

Аз санҷиши тиббӣ гузаштанд

Тайи чанд рўзи моҳи январ ва ҳамин рўз дар комиссарияти ҳарбии ноҳия хонандагони соли таваллуди 2006 барои бақайдгирии ибтидоӣ аз санҷиши тибби гузаштанд.

Ҷаласаи Шўро баргузор гардид

Дирўз бо иштироки муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳусния ва аъзоёни ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» натиҷагирӣ карда шуд.

БА ҲАШАР БАРОМАДАНД.

Омад-омади фасли баҳор ҳамаро серкору сертараддуд кардааст. Марди деҳқон ба саҳро баромада, ҷўйю каналҳо ва новаҳои обгузарро тоза менамоянд. Як тарафи дигар дар ҷойҳои холимондаи замиҳо шинондани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо идома дорад.

Тантани ҷашни сада дар ноҳия

Дар саҳни Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, муовинони раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо Ҷашни миллии тоҷикон- иди Сада бо шукуҳи зиёд таҷлил гардид.

НИҲОЛШИНОНӢ АВҶ МЕГИРАД

Дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавсими ниҳолшинонӣ идома дошта он авҷи тоза мегирад.

БАРОИ ҶОМИ ФФТ

Дирўз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ бозиҳо барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (дар минтақаи Кўлоб) бо иштироки панҷ даста оғоз ёфтанд. Баъди шунидани Суруди миллӣ довари марказӣ дастаҳои «Сарҳадчӣ» (н. Ҳамадонӣ) ва «Равшан»-и (Кўлоб) ба майдон баромаданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай