Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Иқтисодиёт

Аҳолӣ дар соли 2019                                          148000 нафар

Ҷамъи заминҳои ноҳия                50979  га, ба як одам 0,34 га                                                                                                                                    

аз он ҷумла заминҳои обӣ             16430 га, ба як одам  0,11 га

Ҷамъи заминҳои корам                 13982 га, ба як одам  0,09 га

аз он ҷумла обӣ                               11999 га, ба як одам  0,08  га             

Шумораи ҷамоатҳои деҳот / шаҳрак

7/1

Шумораи иҷлосияҳои Маҷлиси  вакилони  халқ

4

 

Шумораи қарорҳои қабулнамудаи раис

840

 

Иҷрои буҷет

       Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 32 млн 732,9 ҳазор сомонии нақшавӣ ба буҷет 32 млн 776,4 ҳазор сомонӣ ворид шуда, ҳамаи намудҳои андоз иҷро гардидааст.

       Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 27 млн 613,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.

       Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 95,9 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 58 млн 640 ҳазору 600 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 56 млн 265 ҳазору 400 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 89,1 фоиз, маориф 95,6 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99,1 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 94,9 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг ва варзиш 92,2 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 98,4 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

       Ба ҳолати 1 январи соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 9 миллиону 046 ҳазору 794 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 2 779,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

       Дар давраи моҳҳои январ-декабри соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 26 миллиону 15,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 1  миллиону 82,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. 

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

       Соли 2019 аз тарафи нозироти андоз 175 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 35 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, 10 шахси ҳуқуқӣ ва 221 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.

       Дар соли 2019 дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шудааст, ки  маблағи истифодашуда 7,0 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

       Аз 177 лоиҳаи Барнома рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2016-2020, ки 206 миллиону 299 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ба ҳолати 1 январи соли 2020  64 лоиҳа ба маблағи 112 миллиону 27,4 ҳазор сомонӣ (54,3 фоиз) ба иҷро расонида шудааст.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай