Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Маориф

        Фаъолияти соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятоки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

      Дар  ноҳия   дар   соли 2017,  50  муассисаи  таҳсилоти умумӣ,  аз  ҷумла  3   муассисаи  таҳсилоти   ибтидоӣ, 4  муассисаи  таҳсилоти асосии   умумӣ,  41  муассисаи  таҳсилоти   миёнаи  умумӣ,  1  гимназия,  1  литсейи  давлатӣ,  3  кўдакистон,  1  Маркази  таҳсилоти   иловагӣ,  1  Маркази  дарёфт  ва   рушди   истеъдодҳо, бахши  технологияи  информатсионӣ   ва  коммуникатсионӣ  фаъолият  карданд.   Дар   муассисаҳои таълимӣ  29166   нафар   хонандагон   ва  дар   3  кўдакистон  265   нафар   кўдакон  ба   тахлиму   тарбия   фаро   гирифта  шуданд.  Ба   таълиму   тарбия   дар   ин   муассисаҳои  таълимӣ  1752  нафар   омўзгорон,  аз  ҷумла  703   нафар   занон    банд   буда,  дар   ноҳия   мушкилоти   кадрӣ   вуҷуд   надорад.

      Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани 50 медал, аз ҷумла 8  медали тилло, 26  медали нуқра ва 16 медали биринҷӣсазовор гардида, аз ин шумора 15 нафар хатмкунандагони МТМУ №№2,4,12,15,16,18,52 аз фанҳои физика, математика, география, химия, ҳуқуқ, забони давлатӣ ба  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Лайлиев Исфандиёр дар олимпиадаи байналмилалии Жаутиков-2017 дар шаҳри Остона сазовори Сертификат ва хонандаи синфи 9-и МТМУ №7 Меҳриддини С. дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни таърих соҳиби медали нуқра гардид. Инчунин,  хонандаи   синфи  11-и   муассисаи  таълимии  №16  Назифов    Исмоил    аз   иштирок   дар   озмуни  ҷумҳуриявӣ   аз   фанни  таърих  ба   гирифтани   ҷойи   дуюм  муваффақ   гардид.

      Ҷиҳати тарғибу ташвиқи илмомўзӣ, сайқал додани дониш, интихоби бошууронаи касб ва ҳарчӣ бештар ҷалби хатмкунандагон баҳри супоридани ҳуҷҷатҳо ба ММТ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Дар  соли  таҳсили   гузашта  аз  2378   нафар  хатмкунандагони   муассисаҳои   таҳсилоти  миёнаи   умумии   ноҳия  1904   нафар, ё  худ,     80%-и хатмкунандагон ба ин Марказ ҳҳуҷҷат супориданд.  Аз   ин   шумора 1128   нафар  хатмкунандагон  ба  донишгоҳу   донишкадаҳои   олӣ, тавассути  ММТ   шомил   гардиданд.  Инчунин,  бе  ММТ  241   нафар,  тавассути  Квотаи  Президентӣ 21  нафар,  аз  ҷумла   11   нафар   духтарон,  ба  коллеҷҳои   тиббӣ 242  нафар,  ба   коллеҷҳои   омўзгорӣ  93   нафар,  дигар  коллеҷҳо  67   нафар, литсейҳои  касбӣ-техникӣ 112  нафар  дохил   шуда,  157   нафар  ба   курсҳои   кутоҳмуддат  ҷалб   гардиданд.   Шумораи  дохилшудагон  2167  нафарро  ташкил  дод,  ки  баробари  91%  -и хатмкунандагон   мебошад.

            

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ