Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Тандурустӣ

        Дар соҳаи тандурустии ноҳия 165 духтур, аз ин шумора 57 нафар бо категорияи олӣ ва 966 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 59 нафар дар беморхонаи марказӣ, 8 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 3 нафар дар диспансери бемориҳои сил  фаъолият карда истодаанд.

        Беморхонаи марказӣ аз 9 шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 7 ҳазору 205 нафар табобати бистарӣ гирифтанд, теъдоди фавтидагон дар ин давра 31 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 13 нафар кўдакони то синни 5- сола мебошанд.

       Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 366 ҳазору 679 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод 81,4 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.

       Дар соли 2019,  103 бемори сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 42 нафар бистарӣ карда шуда, аз инҳо 76 нафар сили ҳасоснок, 27 нафар сили ғайришушӣ ва 4 нафари дигар сили шакли мутобиқгашта мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 103 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

       Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 17 ва вируси норасоии масунияти одам 112 нафарро ташкил медиҳад.                                                                                                                                                                                                                                    

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай