Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Кишоварзӣ

   Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, соҳаи кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёти он маҳсуб меёбад. Рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро дар ин соҳа бештари  аҳолии қобили меҳнат машғули кор мебошанд.

    Ба ҳолати   01 январи соли 2018 дар марзи маъмурии ноҳия  50979 га замин мавҷуд буда аз он; 16427  га заминҳои обӣ мебошанд, ки мутобиқи талаботи моддаи 3-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи заминро ташкил намуда, мувофиқи таъиноти мақсаднок ба гўруҳҳои зайл тақсим мешаванд.  

                 Аз он ҷумла:

      - Заминҳои корам ҳамагӣ      14281 га

        аз он: обӣ                              12392 га,

      - барои пахтакорӣ                  5544 га

      - барои гандум                        7586 га

      - картошка                              247 га

      - сабзавот                                1460 га

      - полезиҳои озуқаворӣ            613 га

      - ҷуворимаккаи дон                183 га

      - барои шолӣ                           15 га

      - барои ҷав                               281 га

      - барои зироатҳои лубиёгиҳо 473 га

      - зироатҳои хуроки чорво       820  га

      - токзорҳо ҳамагӣ                    46 га

      - боғҳо ҳамагӣ                         1172 га

 

       Дар ноҳия  3970 адад хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ  11194 нафар машғули кор мебошанд.     

      Соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуҳавории аҳолӣ, манбаи асосии таъмини корхонаҳои саноатии ноҳия бо ашёи хом ва муҳимтар аз ҳама заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар муҳлатҳои хуби агротехникӣ гузаронидани кишти зироату сабзавот ва парвариши онҳо, дастрас гардонидани тухмии хушсифат барои хоҷагиҳо тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.

 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар тўли солҳои 2000-2015 ва дурнамои солҳои 2017-2019(млн.сомонӣ)

 

 

Воҳиди

ченак

2000

2005

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

2019

Хаҷми умумии

Маҳсулоти кишоварзӣ

 

ҳаз. сомонӣ

 

88,4

 

107,1

 

168,5

 

293,1

 

314,8

 

294,3

 

430,7

 

432,5

 

454,2

 

476,9

 

500,7

 

530,8

 

       Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назар ба соли 2016, 105 фоиз зиёд гардида, ба 498,6 миллион сомонӣ расонида шуд.

      Заҳматкашони ноҳия соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баландӣ истеҳсолиро ба даст оварданд. Дар ин давра 46654,0 тонна ғалладона истеҳсол карда шуд, ки ин нисбати соли 2016, 2852,5 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ ва истеҳсоли зироатҳо низ зиёд гардиданд. Дар соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли сабзавот 100,2 фоиз, полезӣ 110,7 фоиз ва меваю ангур 143,5 фоиз афзоиш ёфта, яъне  назар ба  соли  гузашта  113,7 тонна зиёд сабзавот, 2142,5 тонна зиёд полезӣ, 1593,0  тонна зиёд меваю ангур истеҳсол карда шуд.

     Дар майдони 5544 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз майдони умумии кишти ин навъи зироат  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  11461,3 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нисбати  соли гузашта 760,5 тонна зиёд мебошад.

      Аз майдони 5599 гектар замине, ки баъди ҳосили якум кишти такрорӣ гузаронида шуда буд, кишоварзони ноҳия ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.  Аз ҳисоби кишти такрорӣ 2564 тонна зироатҳои лубёгӣ, 2172 тонна шолӣ, 4406 тонна дони ҷуворимакка истеҳсол карда шуд.

     Корҳои муайяне оид ба беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ба амал бароварда шуда истодаанд. Дар соли 2017 дар маҷмўъ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар масофаи 77,0 километр  заҳбуру заҳкашҳо 38,1 километр каналу ҷўйборҳо ба маблағи 2879,5 ҳазор сомонӣ тоза карда шуданд. Ҳолати мелиоративии зиёда аз 2071 гектар замин беҳтар гардонида шуд. Барои тоза гардидани заҳбуру заҳкашҳо ва каналу ҷўйборҳои обгирӣ айни ҳол дар ноҳия 6 адад эксковатор ва 1 (як) адад булдозер сафарбар карда шудааст. 

      Дар ноҳия пешравиҳои назаррас дар соҳаи чорводорӣ ба амал омад. Нисбат  ба соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 506,2 тонна зиёд гўшт (бо вазни зинда), 485,2 тонна зиёд шир, 195,3 ҳазор дона зиёд тухм истеҳсол карда шуд. Саршумори чорвои калон ва моли майда мутаносибан 102,6 – 103,1 фоизи  соли  2016-ро ташкил дод.

      Бо мақсади хушзот гардонидани чорвои ҷамъиятию шахсӣ ва пешгирии бемориҳои ҳайвонот дар ноҳия дар ин давра фаъолияти 6 нуқтаи бордоркунии сунъӣ ва 9 клиникаи байторӣ ба роҳ монда шуд.  Нуқтаҳо ва клиникаҳои мазкур  204 сар модагови хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ ва аҳолиро бордор намуда, барои пешгирии бемориҳо 77515 сар чорвои калону майдаро  эм гузарониданд.

     Дар ноҳия ҷиҳати татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои паррандапарварӣ ва занбўри асалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори парранда ба 46486 сар ва шумораи оилаҳои занбўри асал ба 1313 оила расонида шуданд. 

     Барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат дар хусуси ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ заҳматкашони ноҳия ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Ҳамаи  боғҳои дар давоми амали Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунёд кардашуда ва боғҳои пешина дар ҳолати хуби нашъунамо қарор доранд.  Тибқи Дурнамо соли 2017 дар ноҳия дар майдони 23,3 гектар боғи нав бунёд гардид. Соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 4075,0 тонна мева истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1587,0  тонна зиёд мебошад.

     Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар тирамоҳи соли 2016 ва баҳори соли 2017 зиёда 26,8 ҳазор бех дарахт шинонда шуд, ки аз ин 13,7 ҳазор бех мевадиҳанда, 2,0 ҳазор бех ороишӣ ва 20,0 ҳазор бех дарахтони сояафкан буда, 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2017-2018 бошад, алаккай дар маҷмўъ 14,5 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, ҳамешасабзу сояафкан шинонда шуд.

      Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия татбиқи амалии худро ёфта истодааст. Дар ин давра 325,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. Барои рушди соҳаи мазкур ва васеъ гардонидани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

   Тадбирҳои зиёде барои ба содирот баровардани маҳсулоти кишоварзии дар ноҳия истеҳсолшаванда амалӣ гардид. Дар ин давра 1505 тонна маҳсулот ба содирот бароварда шуд, ки ин нисбати соли 2016 зиёд мебошад.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ