Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Нақлиёт

        Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 209,825 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, дар соли 2019 дар як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта корҳои таъмири ҷорӣ ва асосӣ гузаронида шуд.

       Дар  ин давра аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ба маблағи 59,1 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ, 76,5 ҳазор сомонӣ таъмири роҳҳо, дар ҳаҷми 17,6 ҳазор сомонӣ корҳо вобаста зимистонгузаронӣ ва да ҳаҷми  1,8 ҳазор сомонӣ корҳои кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуд.                         

        Аз ҳисоби соҳибкорон соли 2019 22,15 метр роҳҳо ба маблағи 8718300 сомонӣ мумфарш ва 33,81  километр ба маблағи 619360 сомонӣ сангфарш карда шуданд.

      Давоми соли 2019 дар ноҳия тавассути нақлиёти автомобилӣ ба миқдорӣ  750,4 ҳазор тонна бор ва 4745,5 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки ин мутаносибан 100 ва 114,7 фоизро ташкил медиҳад.

       Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет зиёда аз 33448 нафар буда, 285 нуқтаи телефонӣ дар истифода мебошад.

       Ҳаҷми даромади намояндагии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар ноҳия 65,5 ҳазор сомониро дарбар гирифта 100,3 фоизро ташкил медиҳад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай