Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҷавонон ва Варзиш

      Дар ноҳия 3 варзишгоҳ, 177 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 41 майдони волейбол, 26 майдони туби дастӣ, 24 толори варзишӣ, 2 толори обутоби мушакҳои бадан, 18 толори саққобозӣ, 2 толори нишонзанӣ фаъолият доранд.

      Дар соли 2017 дар ноҳия 85 чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Варзишгарони ҷавони ноҳия дар 19 мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 69 медали тилло, 51 медали нуқра ва 60 медали биринљӣ ва дар 19 чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ  иштирок карда, ба гирифтани  31 медали тилло, 23 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

      Дар мактаби варзишии ноҳия аз рўи 11 намуди варзиш  62 гуруҳ  фаъолият карда, 980 нафар наврасону ҷавононро дар асоси талаботҳои стандартӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷалб намуданд.

      Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон бахши ҷавонон  ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахшу шуъбаҳои дахлдори ноҳиявӣ дар   соли 2017,  ки  аз  тарафи  Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон «Соли  ҷавонон»   эълон   гардида  буд,  тибқи нақшаи чорабиниҳо вохўриҳоро бо сарбозони қисмҳои низомии 0307-и Қушунҳои сарҳадӣ ва  45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар арафаи таҷлили ҷашни 24-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар мавзўи «Худшиносии миллӣ – омили муҳим дар ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистон»,  инчунин,  баргузории чорабиниҳои фарҳангию таблиғотӣ ва мусобиқаҳои гуногунро васеъ ба роҳ монданд. Дар самти пешгирии амалҳои  номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, бегонапарастӣ дар пўшидани либос, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, хариду фурўши одамон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  62 суҳбату вохўриҳо баргузор шуд, ки ба ин чорабиниҳо  16100 нафар ҷавонон фаро гирифта шуданд.

 

          

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ