Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Таърих

         Ноҳияи  Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои  ҷавонтарини вилояти Хатлон ба шумор  меравад.  Ноҳия дар соҳили  рўди Панҷ ҷойгир буда, аз ҷануб ба масофаи  170 км   бо Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон, аз ҷануб ғарб ба масофаи 9 км  ба ноҳияи Фархор, аз тарафи шимолу ғарб ба дарозии 42 км ба ноҳияи Восеъ ва аз тарафи шарқ ба масофаи 150 км ба  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  ҳамсарҳад ҳаст. Масоҳати умумии ноҳия 509 километр мураббаъро ташкил медињад.

        Шумораи аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2018 наздики 143706  нафар буда, аз ин шумора 71422 нафарро занон ташкил менамоянд. Аҳолии ноҳия асосан аз тоҷикон 125691 нафар, иборат буда, узбекҳо 17880 нафар,  русҳо 32 нафар ва дигар миллатҳо  бошанд, 103 нафарро ташкил медиҳанд.

                               Объектҳои   таърихӣ  ва  ҷойҳои   муқаддас: 

             Дар   ноҳия    мавзеъҳои бақайдгирифташуда,    мазори Эшони Хоҷа Яҳё (“Шаҳидҷон”) “Мазори Хоҷа Абдулмуъмини Валӣ,  Кони Хоҷамуъмин (дар баландии 1334 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст)  -  кўҳи  намаки  Хоҷа  Мўъмин,  ёдгориҳои “Сайёд”, “Обкўҳ,  инчунин, 10 адад ёдгориҳои монументалӣ (пайкара ва нимпайкараҳо) - ду пайкара-Исмоили Сомонӣ ва В.И. Ленин, шаш нимпайкара (Саидқул Турдиев, Калинин, С. Айнӣ, В.И. Ленин, Сатторов Масабур)  як лавҳаи хотира («Модари гирён»), ва 1 адад лавҳои хотираи Одина Ҳошимов дар қайди Вазорати  фарҳанг қарор  доранд.

    

    

Таърих

         Аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта, яъне давраи баъдиҷангӣ ва ба ҳаёти осоишта қадам гузоштани мардуми тоҷик ба замони дигаргуниҳои куллии сиёсиву иқтисодӣ пеш омад. Дар ин давра дар тамоми кишвар масъалаи баланд бардоштани иқтисодиёту фарҳанг, дар хоҷагии халқ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва зарурияти васеъ намудани заминҳои кишт аз ҳисоби дашту домани бекорхобида ва корамнашуда ба миён омад.

          Ба ҳама маълум буд, ки кўҳистон мардумро пурра хўрондаву пўшонида наметавонист. Мардум хусусан аз нарасидани ғалла азоб мекашиданд. Барои ҳамин ҳам як масъалаи хеле ҷиддӣ аз кўҳистон кўчонидани мардум ва ташкили ноҳияи нав ба миён омад.   

         15 сентябри соли 1950 бо қарори Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар заминаи деҳаи Чубек, дар ҳайати собиқ вилояти Кўлоб, ноҳияи нав бо номи Чубек таъсис ёфт. Яъне, ободшавии ноҳия ба солҳои 50-уми асри гузашта рост меояд. Он солҳо қисме аз аҳолии минтақаҳои кўҳии Ховалинг, Сари Хосор, Муъминобод, Дашти Ҷумъ, Балҷувон ва Терай, барои табдил додани туғайзорон ба заминҳои киштбоб, ба ноҳияи навтаъсиси Чубек муҳоҷир шуданд.         Соли 1952 ин ноҳия ба худ номи Москваро гирифт ва   бо  қарори Маҷлиси Миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  12 феврали  соли 2004, №502 ноҳияи  Москва   ба  ноҳияи   Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  тағйир  дода  шуд.

         Дар  гузаштаи  дур  дар мавзеи имрўзаи ноҳия  шаҳристоне бо номи Сайёд (дар ҳухуди Ҷамоати деҳоти  Турдиев) қарор дошт. Шаҳристони Сайёд дар вақти ҷустуҷўи  обҳои зеризамин ошкор  гардида,  баъдтар   аз  тарафи  бостоншиносон  омўхта  шудааст  ва  яке аз ёдгориҳои  бузурги таърихи гузаштагони тоҷик  дониста   мешавад.  Ёдгории  Сайёд  ба  аҳди Сомониён (асрҳои 1Х-Х) тааллуқ  дошта, бозгўяндаи  тамаддуни баланди мардуми Хатлон мебошад.Тадқиқотҳои бостонӣ  муайян кардаанд, ки  шавҳристони Сайёд дар асрҳои 1Х-Х ба қаламрави  ҳокими  Банҷуриҳои Хатлон дохил буда,   бозёфтҳои  археологии  аз   ин   шаҳристон  дарёфтгардида, дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд.

         Маҳаллаҳои  Чубек,  Сайёд   ва   дигар   ҳудудҳои  ноҳияи  имрўзаи   Ҳамадонӣ,  то  солҳои  70-уми асри  Х1Х  ба  бекигарии  Балҷувон  тааллуқ   доштанд  ва   пас   аз   истилои   Русияи   подшоҳӣ,  ки  дар   натиҷаи  он   тақсимоти маъмурии  Аморати  Бухоро  гузаронида   шуд,   ин   сарзамин ба   қаламрави бекигарии  Кўлоб  шомил   гардид.

       Ҳайати маъмурии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 8 ҷамоат, аз ҷумла ҷамоати шаҳраки Москва ва 7 ҷамоатҳои деҳот иборат мебошад.

       Дар ҳудуди Шўроҳои қишлоқ бошад, Ҷамоатҳо  ва деҳаҳо фаро гирифта мешуданд Масалан, дар Шўрои қишлоқи Маслуқ (раис Сафаралӣ Бобоев) ҳанўз соли 1937 колхозҳои зиёде муттаҳид буданд. Аз ҷумла:

         1. Колхози ба номи Чапаев-раисаш Манзар Ашуров, ки ба он қишлоқи   Саркокул дохил мешуд.

      2. Колхози ба номи Жданов-раисаш Бобои Исматулло, дар қишлоқи  ҳудуди қишлоки Саркокули Боло.

      3. Колхози ба номи Пушкин-раисаш Қосимов дар қишлоқи Нуғай.

      4. Колхози  «Қаҳрамон»- раисаш Маҳмадшоев, дар қишлоқи   Тутбулоқ

      5. Колхози ба номи Фрунзе-раисаш Бобои Мирзоалӣ, ки ба он қишлоқи Чордара.

      6. Колхози ба номи Молотов-раисаш Мадалиев, дар қишлоқи   Чордараи Поён.

      7. Колхози ба номи Тельман-раисаш Мадалиев С. дар қишлоќи Марғоб.

      8. Колхози ба номи М.Горкий дар қишлоқи Даҳана ва ғайра дохил   буданд.

                 Дар Шўрои қишлоқи «Чубак», ки раисии онро Амиршоев Қосим  ба уҳда дошт, колхозҳои зерин буданд:

  1. Колхози  ба  номи  Ворошилов- раисаш  Бердиев Худойназар, дар қишлоқи  Оқмазори Боло
  2. Колхози «Комсомол» - раисаш  Муҳиддинов И,  дар  қишлоқи  Оқмазори   Миёна

       3. Колхози   ба  номи Сталин-  раисаш Раҳимов  Бердиалибой,  дар  қишлоқи  Оқмазори  Поён.

       4. Колхози  «Красный часовой»- раисаш  Каримов Н., дар  қишлоқи Тудабоён

       5. Колхози «Энгелс» - раисаш  Мисров,баъдтар Холбобоев ,  дар  қишлоқи  Муғул.

       6. Колхози   «Иттифоқ»-  раисаш Муродов,  дар  қишлоқи  «Чубак».

       7. Колхози   «Сарҳадчии Сурх»-  раисаш  Раҳимов Мурод,  дар  қишлоқи  «Чойлобкамар».

          Бояд гуфт, ки соли 1950, баъди ташкилёбии ноҳияи «Чубак», колхози

ба   номи  Ленин,  ки  аз  ҳисоби  муҳоҷирони  кўҳистони  Дашти  Ҷумъ ва

Ховалинг пурра гардонида шуда буд, дар поёноби дарёчаи Сиёҳоб  арзи вуҷуд кард ва раисии онро  Раҳимов Мурод ба уҳда дошт.

        Хоҷагии «Дружба»(баъдтар бо номҳои «Наврўз») ва ба номи Юсуф

Давлатов  ҷудо шудааст. Дар ин хоҷагиҳо Набӣ Сунаваров, Ҳусайнов  ва  М.Исматов роҳбарӣ карданд.

        Совхози   ба   номи   Турдиев   аз ҳисоби  муҳоҷирони аз Сари Хосору

Дашти  Ҷумъ омада бунёд ёфт ва пештар номи Метантуғайро дошт.

         Колхози   ба   номи   Киров   низ   баъди ташкилёбии ноҳия аз ҳисоби Муҳоҷирони   Шўрообод  (ҳозира  ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин) ба вуҷуд

омада,  Қадам Муродов аввалин раиси он буд.

         Колхози ба номи Ворошилов(ҳоло ҳамчун участкаи ба номи Сафаров Гадоӣ ба  ҳайати колхози ба номи  Киров-ҳозир Ҷамоати деҳоти Панҷрўд  дохил аст),  аз  ҳисоби  муҳоҷирони  кўҳсори  Дашти  Ҷумъ  ва     қишлоқи  Ғарабдараи   ноҳияи Шўрообод(ҳоло Шамсиддимн Шоҳин) бунёд ёфт

       Дар  таърихи  мардуми  кўҳистон  солҳои Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  солҳои    аз    ҳама    мудҳишу    фалокатбор,     солҳои    вазнину   пур   аз маҳрумиятҳо    буданд.     Фиристодагони      диёри     офтобии      мо   дар задухўрдҳои     шадид    ба    муқобили    фашистони   хунхор   диловарию

корнамоиҳои  бемислу  монанди  ҷангӣ   нишон  доданд.

            Ин  қаҳрамонони   ду  фронт,  ду  арсаи  корзор,  ки  имрўз  аксарият  дар  қайди  ҳаёт  нестанд,  шоистаи  ҳама гуна    таърифу  тавсиф,  сазовори  шеъру  достонҳо  ва  лавҳаю  очеркҳо   мебошанд. Корнамоиҳои  ҷангию   меҳнатии  Исҳоқ Каримов, Қурбон  Алиев,  Табар  Мусоев, Эмомқул  Атоев,   Маҳсиддин  Шарифов,   Юлдош    Холмуродов, Иброҳим Сафаралиев, Абдулло  Мирзоев, Бердӣ  Халифаев, Лашкар  Раҳмонов,   Низом  Гулов,  Абдулҳафиз  Алиев,  Ёр  Холов,  Мўсо  Назаров,  Қамбар  Комилов, Мусо  Мадисоев,  Қиём Ҷалолов, Султон  Худойдодов, Султон  Ғафуров, Шамон  Раҷабов, Зоир  Назаров, Қосим Ҳалим, Исмоил  Исҳок  ва  даҳхо  дигар  нафарон барои  наслҳои  имрўза ва фардо шоистаи ибрату омўзиш аст.

          Дар ноҳияи Москва зиёда аз 1200 нафар иштирокчиёни  ҷанг ба қайд гирифта  шуда буд. Ҳоло дар ноҳия 8 нафари ин мардони баруманд ва  5   нафар   шахсони  ба   онҳо  баробаршуда зиндагӣ мекунанд.  Сафи  инҳо бо мурури замон кам шуда истодааст ва ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки ба ин мардони зарби тақдиру зиндагӣ ва маҳрумиятҳои онро дида ғамхорӣ зоҳир намояд ва барои беҳбудии вазъи зиндагии онҳо чораҳо меандешад.

            Ҳамаи комёбиҳои истеҳсолӣ он вақт дар зери роҳбарии ҳизб ва Ҳукумати ноҳия ба даст меомад, ки онҳо заҳматкашонро ба иҷрои нақшаҳои азими бунёдкорона ташкилу сафарбар менамуданд.

           Дар зарфи мавҷудияти ноҳ0ия чунин сарварони оқилу кордон, роҳбарони асилу дурандеш, мардоне, ки хизмат ба халқу Ватани азизи худро мақсади асосии зиндагияшон  қарор дода буданд, хеле зиёд буданд ва ин боиси хушбахтию сарбаландии мардуми шарифи ноҳия  ҳисоб меёфт.

            Аввалин котиби якуми ҳизби коммунист дар давраи ташкилёбии ноҳия Давлат Салимов ба ҳисоб меравад. Ин шахс 23-юми октябри соли 1950 дар Маҷлиси нахустини ҳизбии  ноҳия, ки дар он зиёда аз 40 нафар коммунистон ва 13 нафар номзадҳо ба узвияти ҳизб  ҳузур доштанд, котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳия интихоб гардид.

          Аз соли 1952 то соли 1956  Ҷаббор Холиқов вазифаи котиби якуми

кумитаи ҳизби ноҳияро  ба уҳда дошт.

         Аз соли 1956 то  соли  1959   дар  вазифаи  котиби      якуми         ҳизби  Коммунисти ноҳия   марди басо дилсўзу кордон, яке аз сарсупурдагони

роҳи инкишофи тараққиёти Ҷумҳуриамон, он солҳо ҷавони қобилу  меҳнатдўст  Маҳмудбек Назрибеков кор  ва фаъолият намудааст.

 Солҳои 1959-1963 вазифаи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияро Маҳмадулло Холов, ки дар пешрафту инкишофи ноҳия нақши намоёну созанда гузошта буд,  ба уҳзда дошт.

Солҳои 1963-1974 марди хеле бошарафу меҳнатӣ Худоёр Раҷабов   сарвари Ҳизби коммунисти ноҳия буд.

Аз соли 1974 то соли 1985 Ҳабибулло Табаров котиби якуми комитети  ҳизбии (партиявии) ноҳияи Москва кор кардааст.

Аз соли 1985 то соли 1989  Аҷикулло Азизов котиби якуми комитети  ҳизбии (партиявии)  ноҳияи Москва буд.

Солҳои 1989-1992 Ҳизби Коммунисти ноҳияро Амиршо Миралиев сарварӣ  намуд (аз   сентябри соли 1991  то   декабри        соли 1994 раиси ноҳия) .

        

 

                                                                        

    Ҳоло ҳарчанд, ҳизби коммунист аз сари қудрат дур шудааст, ташкилоти он  дар ноҳия фаъолият дорад ва сарварии он  ба зиммаи марди солору  пурдида собиқадори ҷангу меҳнат Нураҳмад Гулов вогузор карда шуда  буд (соли 2017 вафот кард).  Айни  ҳол  роҳбарии  КИ Ҳизби коммунисти ноҳияро   Гулаҳмадов    Одинаҳмад  ба   уҳда  дорад.

        Шахсони зерин дар солҳои гуногун ба ҳайси раисони кумиҷроияи  ноҳияи Москва (ҳозира ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) кор карданд:

                1. Бобо Носиров   -  солҳои   1950-1956 ;

                2. Ҳасан Сафаров  - солҳои    1956-1959 ;

                3.  Қодир Восиев    - солҳои    1959-1962;

                4. Субҳон Ашуров - солҳои   1964 -1968;          

                5. Маҳмадсаид Ҳоҷиматов - солҳои   1964-1968 ;         

                6. Исмоилов Саттор - солҳои 1976-1978;           

                7. Қушниёзов - солҳои    1978-1985;           

                8. Қурбонмад Абдулхайров - солҳои 1985-1990; 

                9. Амирхон Шамсов -  аз моҳи январи 1990 то июли соли 1991;        

         

            Тибқи тағйироти сохтор  дар  солҳои гуногун ба ҳайси раиси ноҳияи Москва (ҳозира ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонї) кор карданд:

                1. Амиршо Миралиев -   сентябри соли 1991  то   декабри соли 1994                         

                2. Одинаев Саид – декабри соли 1994 то  декабри соли 1999

                3. Субҳонов Исмонқул-декабри соли 1999  то  декабри соли 2003

                4. Исмоилзода Ёқуб Борон-декабри соли 2003 то январи соли 2005

                5. Қудратов Шарифхон – феврали соли 2005 то октябри соли 2005

                6. Гулов Сафаралӣ-  октябри соли 2005  марти соли 2007

                7. Фазлиддинов Хуҷамурод – марти соли 2007 то  ноябри соли 2013

                8. Вализода Абдуқодир Исуф  аз 27 ноябри соли 2013 то 9.02. 2018

                9. Одиназода Бозоралӣ  Неъмат - аз  9 феврали  соли  2018

         Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияи ҷавонтарини минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба шумор меравад. Ноҳия дар соҳили рўди Панҷ ҷойгир буда, аз ҷануб ба масофаи 170 километр бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷанубу ғарб ба масофаи 9 километр бо ноҳияи Фархор, аз тарафи шимолу ғарб ба дарозии 42 километр бо ноҳияи Восеъ ва аз тарафи шарқ ба масофаи 150 километр бо ноҳияи Шурообод, ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ноҳия 509 километр мураббаъро ташкил медиҳад.                                            

 Соли 1952 ин ноҳия ба худ номи Москваро гирифт ва    бо  қарори Маҷлиси Миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  12 феврали  соли 2004, №502 ноҳияи  Москва   ба  ноҳияи   Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  тағйир  дода  шуд.

 Ҳайати маъмурии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 8 Ҷамоат, аз ҷумла Ҷамоати шаҳраки Москва ва 7 Ҷамоатҳои деҳот -  «Қаҳрамон», «Меҳнатобод», «Даштигуло», «Панҷрўд», ба номи «Турдиев», «Панҷоб» ва «Чубек» иборат мебошад.

Яке аз боигариҳои табиии ноҳия ин кўҳи намаки Хоҷамуъмин мебошад.   Кони Хоҷамуъмин яке аз калонтарин конҳои намаки собиқ давлати Иттиҳоди Шўравӣ буда, имкониятҳои азхудкунии он ҳоло  ҳам пурра омўхта нашудааст. Ин кон дар ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қатори дигар конҳои намаки-Тутбулоқ ва Хоҷасартез ҷойгиранд, ки таркиби намаки дар ин конҳо вуҷуд дошта, қариб 98% - ро ташкил медиҳад.   Айни замон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва коркарди намак дар ноҳия 5 корхонаи истеҳсолӣ  фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

        Кони Хоҷамуъмин дар баландии 1334 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҷаҷми он тақрибан ба 55 километри мукааб баробар буда, ғафсии қабати намаксанг то ба 250 метр мерасад. Дар солҳои охир ба омўзиш ва тадқиқоти он аҳамияти калон доданд. Олимон муайян карданд, ки захираи намаки кўҳи Хоҷамуъмин 50-60 миллиард тоннаро ташкил менамояд. Ин ба одамони сайёра барои якчанд аср кифоя мекунад.

      Дар омўзиши кўҳи Хоҷамуъмин олими тоҷик Б. Баротов хизмати калон кардааст. Ба ақидаи ў Хоҷамуъмин 150 миллион сол пеш дар эраи мезазоӣ арзи вуҷуд намудааст. Дар ҷойи ҳозираи собиқи вилояти Кўлоб баҳри калоне мавҷуд буд. Бо мурури замон дар зери баҳр намак ҷамъ шуда, бо таъсири қувваи дохили замин он ба намаккўҳи азим табдил меёбад.  Ҳар сол аз ин кон ба миқдори 30-37 ҳазор тонна намак истихроҷ ва дар заводи намаки Восеъ тоза карда мешавад. Барои минбаъд васеъ намудани истеҳсолу истихроҷи намаки кони мазкур имкониятҳои калон мавҷуд аст. Пеш аз ҳама бояд механиконии протсеси истеҳсол ба амал ҷорӣ карда шавад. Захираи бузурги кони Хоҷамуъмин дорои имкониятҳои васеи дар оянда ба намаки хушсифат таъмин намудани тамоми Осиёи миёна мебошад.

      Дар сарчашмаҳои илмӣ дар бораи кўҳи намаки Хоҷамуъмин маълумотҳои бисёре ба чашм мерасанд. Масалан, сайёҳи хитоӣ Со Юан Цзан дар асри VIII ба Хатлон омада, дар асарҳояш намаки Хоҷамуъминро таърифу тавсиф кардааст. Сайёҳи машҳури венагӣ Марко Поло бошад (асри VIII) ба ин ҷо омада чунин навиштааст: «Намаки ин кўҳ ба ҳамаи олам кифоя аст. То даме, ки дунё вуҷуд дорад,  намаки кўҳи Хоҷамуъмин ба ҳама мерасад. Табиати Хоҷамуъмин зебо аст ва ҳифзи ин зебоиҳо ғамхориҳои зиёдеро    тақозо     мекунад».

 

ЁДГОРИҲОИ  ТАЪРИХИИ   НОҲИЯ

   

 

  

 

   

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай