Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - САНҶИШИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

       Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар тибқи Амри раиси вилояти Хатлон гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳру ноҳияҳои ҳамдигар шуда, ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро таҳти омӯзиш ва санҷиш қарор медиҳанд.

 

      Рӯзи 16 июли соли 2019 як гурӯҳи шаҳру ноҳияҳо аз қабили Бохтар ба Кӯлоб, Левакант ба Норак, Кӯшониён ба Ёвон, Данғара ба Вахш, Ҷ. Балхӣ ба Восеъ, Панҷ ба Хуросон, Ҳамадонӣ ба Ҷайҳун, Муъминобод ба Ш. Шоҳин, А. Ҷомӣ ба Дӯстӣ, Н. Хусрав ба Темурмалик ва Қубодиён ба Фархор сафар намуда, табодули таҷриба намуданд.

       Чунин як гурӯҳ дирӯз аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварда, аз вазъи кунунии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия натиҷагирӣ намуданд.

        Дар даромадгоҳи ноҳияи Дӯстӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ масъулини соҳаҳои гуногун самимона истиқбол намуданд. Сипас, гурӯҳои корӣ ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар яке вазъи соҳаҳои худро мавриди санҷишу омӯзиш қарор доданд. Дар ҳақиқат ноҳияи Дӯстӣ ноҳияи аграрӣ буда, имрӯз мардуми он асосан ба пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ншондодҳои истеҳсолӣ дар ноҳия дар риштаи кишоварзӣ сол то сол беҳтар мегардад. Деҳқонон то ин рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 17 ҳазор тонна ғаладона истеҳсол карда ҳосили 48 сентинерӣ ба даст оварданд. Дар қитъаҳои аз гандум, картошка, сабзавот холишуда, кишти такрорӣ гузарониданд. Дар баробари ин дурнамои содироти маҳсулотро 111 фоиз таъмин намудаанд. Гурӯҳи корӣ аз ҷамоати деҳоти Нури Вахш ва 20 –солагии истиқлолияти давлатӣ дидан карда бо вазъи парвариши пахтазор аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

        Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи ширкати хитойии «Ҷунтай-Хатлон Сит-силу» дар майдони 2100 га пахтаи чинӣ кишт карда ба нигоҳубин ва парвариши ин зироати техникӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

       Мутахассисон ва намояндагони А. Ҷомӣ ба вазъи кунунии пахтазор баҳои хуб доданд. Дар баробари ин тавсиа доданд, ки дар ин шабурӯз обмонии шабонаро ба роҳ монда, пахтазорро аз ҳаргуна ҳашароти зарарасон эмин нигоҳ доранд.

       Дар самти бо оби полезӣ таъмин намудани мавзеи 20- солагии истиқлолият ва Нури Вахш соли равон бо дастгирии мақомоти маҳал, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва ширкати хитоии «Ҷултай – Хатлон Сит- силу» масъалаи об таъминкунӣ ҳали худро ёфтааст.

       Зимни мулоқот бо директории генералии корхонаи пумбатозакунии ноҳия, муовини директории ширкати хитоии «Ҷултай – Хатлон Сит- силу» ҷаноби Ян Ҷен Пин маълум гардид, ки соли оянда боз таҷҳизоти нав ворид гардида, сатҳу сифати бо обтаъминкунии мавзеҳои зикргардида, пурра ҳали худро меёбад ва осилнокии замин боз ҳам баланд бардошта мешавад.

       Баъди боздиди намояндагони гурӯҳи корӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мутахассисони ҳарду ноҳия натиҷаи санҷиш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бори дигар хайрамақдам гуфта, иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми раҳнамо ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғарабар меоянд ва иқдоми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро саривақтӣ ва манфиатбахш арзёбӣ намуд.

       Дар назди ҷамъомадагон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ аз таасурот ва боздидашон аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия изҳори андеша намуданд.

        Ҳамчунин дар назди ҷамъомад раиси ноҳияи А. Ҷомӣ баромад намуда, бо шукургузорӣ аз обу хоки кишвар истиқлолият ваҳдату ягонагӣ, Президенти кишвар, ободу сарсабз гардонидани гушаю канори мамлакат, устувору пойдор нигоҳ доштани оила, бунёди ҳавзҳои шиноварӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, сари вақт пардох намудани андоз, пешрафт ва шукуфоии ватани маҳбуб даъват намуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.