Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Нахуст раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли 2019 маълумот дод.

ҲАҶМИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛИИ МИНТАҚАВӢ

- ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2019 ба 7 миллиарду 938,5 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018 суръати афзоиш 7,7 фоиз ва ба ҳар як нафар 2410 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 345 сомонӣ зиёд мебошад.

АНДОЗ

- иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6-моҳи соли 2019-ум ҳамагӣ 102,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 705,2 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 18,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

МОЛИЯ

- ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 807,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 707,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 87,6 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

- аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок 246,4 миллион сомонӣ ворид гардида, 99 фоизро ташкил медиҳад.

БОНКҲО

-дар 6-моҳи соли 2019 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 645,4 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 93,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ин ҳисоб ба соҳаҳои кишоварзӣ 210 миллион сомонӣ (32,5%), саноат, сохтмон ва нақлиёт 215,2 миллион сомонӣ (33,3%), савдо 114,3 миллион сомонӣ (17,7%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 3,6 миллион (0,6%) ва дигар соҳаҳо 102,3 миллион сомонӣ (15,9%) равона карда шудааст.

САВДО

- гардиши савдо ба 2866,8 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 702,1 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 32,4 фоизро ташкил медиҳад;

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

- ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 986,4 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 36,9 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 4 фоизро ташкил медиҳад.

ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ

- дар шаш моҳи соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ 175,8 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 630,2 ҳазор доллари ИМА зиёд буда, 100,4 фоизро ташкил медиҳад;

- содироти мол 77552 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 4,3 фоиз ё 3186,3 ҳазор доллари ИМА зиёд мебошад;

-воридоти мол ба вилоят дар 6-моҳи соли 2019-ум 98230,9 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 97,5 фоиз ё 2556,1 ҳазор доллари ИМА кам мебошад.

САРМОЯГУЗОРӢ

-дар вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 452,7 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад;

-ба ҳолати 1 апрели соли 2019 ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1656,2 миллион доллари америкоиро ташкил дода, аз ин ҳисоб 1471,6 миллион доллари америкоӣ сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

- дар ин давра соли 2019-ум, дар вилоят 18934 ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Аз ҷумла аз ҳисоби шахсонӣ ҳуқуқӣ 4054 ҷойи корӣ ва аз ҳисоби шахсонӣ воқеӣ 14880 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст;

- дар шаш моҳи соли 2019-ум 172 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки 61 фоизи нақшаи солонаро ташкил дода, аз ин ҳисоб 2122 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 4674 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд;

- дар вилоят ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон, таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзии касбҳои гуногун зиёда аз 4755 нафар шаҳрвандони бекор ҷалб гардида, касбомӯзи намуда истодаанд.

МУЗДИ МЕҲНАТ

-дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 996,7 сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 15 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ – 1885,8 сомонӣ, саноати коркард – 1566,7 сомонӣ, сохтмон – 1404 ва коммуналӣ – 1131,7 сомониро ташкил медиҳад;

КИШОВАРЗӢ

-дар 6-моҳи соли 2019-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 4736,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 437,2 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, 110,2 фоизро ташкил дод;

- дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 440,8 ҳазор тонна 620,8 ҳазор тонна сабзавот, 161,9 ҳазор тонна картошка, 199,8 ҳазор тонна полезӣ, 47,3 ҳазор тонна мева, 1820 тонна ангур, 33,8 ҳазор тонна гушт, 143,8 ҳазор тонна шир, 33,5 миллион дона тухм истеҳсол гардида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 4 фоиз то 12 фоизро ташкил медиҳад;

СОДИРОТИ МАҲСУЛОҲОИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР

- ба санаи 20 июли соли 2019 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 84041,8 тонна маҳсулот содирот шудааст, ки аз ин миқдор 68596,3 тонна пиёз, 8401,1 тонна мева ва дигар намуди маҳсулотҳо 5172 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21114,2 тонна зиёд буда, иҷрои нақша 101,3 фоиз таъмин гардидааст.

САНОАТ

- дар 6-моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 3619,0 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 381,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 11,8 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 9,9 фоизро ташкил медиҳад); Дар вилоят 90 адад номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

- дар ҳаҷми умумии намуд, ҳиссаи саноати коркард-43,3 фоиз, саноати истихроҷи маъдан-1,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ-48,3 фоиз, тақсимоти нерӯи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ-7,2 фоизро ташкил дод.

- ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят асосан истихроҷи нафт ва гази табиӣ-134,5 фоиз, истихроҷи дигар канданиҳои фоиданок-114,8 фоиз, истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо-117,4 фоиз, дӯзандагӣ-174,2 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин-111,7 фоиз, табъу нашр-3,6 баробар, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ-124,2 фоиз, истеҳсоли кимиё ва маснуоти аввалияи доруворӣ-5 баробар, маснуоти резинӣ ва резинӣ-107,3 фоиз, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ-114,8 фоиз, маснуоти таёри филизӣ-114,2 фоиз, истеҳсоли металлургӣ-150,6 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ-172,3 фоиз, истеҳсоли мебелӣ-131,7 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ-115 фоиз шароит фароҳам овардааст.

- дар 6-моҳи соли 2019-ум 31 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 417 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

СОХТМОН

- аз ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ 960,8 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 639,5 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 376,6 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 1017,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд;

- дар вилоят 365 адад бинову иншоотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 931,2 миллион сомонӣ (ғайр аз хонаҳои шахсӣ), аз ҷумла 15 мактаб барои 2443 ҷои нишаст, 8 маркази саломатӣ, 81марказҳои савдо ва дӯконҳои тиҷоратӣ, 16 адад корхонаҳои саноатӣ, 8 толори варзишӣ, 4 адад хонаи истиқоматии баландошёна, таъмири асосии 46,5 км роҳи автомобилгард, барқарорсозии 12 адад пул ва гайра ба истифода дода шудааст. Инчунин дар масоҳати 108,4 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд;

- бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои назаррас ба анҷом расида, тибқи маълумотҳо дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмон 6636 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар 2153 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аз шумораи умумӣ 32,5 фоизро ташкил медиҳад.

НАҚЛИЁТ ВА РОҲ

- дар 6 моҳи соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 11,5 миллион тонна иҷро гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 45,4 миллион нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 афзоиш мутаносибан 7,5 ва 6,2 фоизро ташкил медиҳад.

- дар ин давра, дар миқёси вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 61,9 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла: 149 километр таъмири асосӣ, 1402 километр таъмири ҷорӣ, 728 километр сангфаршкунӣ ва таъмиру барқарорсозии 59 адад пул бо дарозии 574 метр иҷро гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 52,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосӣ 83 километр, таъмири ҷорӣ 54 километр, сангфаршкунии 728 километр ва таъмиру барқарорсозии 59 адад пул бо дарозии 574 метр, ҳамагӣ ба маблағи 51,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.

МАОРИФ

-шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1342 ададро ташкил медиҳад;

-нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад, томактабӣ 12 адад, марказҳои инкишофи кӯдакон 23 адад, теъдоди омӯзгорон 1082 нафар, аз ҷумла занон 1111 нафар ва хонандагон 21906 нафар, аз ҷумла духтарон 12081 нафар зиёд гардидааст;

-дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 147 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 15679 нафар ва 790 Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 18952 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак дар вилоят 34 ҳазору 631 нафарро ташкил додааст;

-дар соли хониши 2018 – 2019 шумораи 38 адад мактабҳои таъмирталаб, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои шахсӣ ва дар вагонҳо мавҷуд буда (аз ҷумла таъмирталаб – 31 адад, аз ҷойҳои ҷамъиятӣ 4 адад, хонаҳои шахсӣ 2 адад ва дар вагонбуда – 1 ададӣ) кам гардид;

- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 255 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла 51 адад медали тилло, 59 нуқра ва 145 медали биринҷӣ ба даст оварда шудааст.

ТАНДУРУСТӢ

-дар вилоят 1612 адад муассисаҳои тиббӣ фаъолият дошта, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 48 муассиса зиёд гардидааст;

- дар муассисаҳои тиббии вилоят 3655 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 18190 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд;

- нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум шумораи духтурон аз ҳисоби ҷарроҳон 20 нафар, момодоя 58 нафар, духтурони кӯдакона 28 нафар, тибби оилавӣ 298 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 630 нафарӣ зиёд шуда, дар баробари ин бемориҳои шадиди меъдаю рӯда 351 нафар, сил 116 нафар ва осебдидагон аз ҳайвонот 146 нафар коҳиш ёфтааст.

ВАРЗИШ

- дар 6-моҳи соли 2019 варзишгарони вилоят дар 72 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 289 медали тилло, 257 медали нуқра ва 458 медали биринҷиро ба даст оварда, дар умум соҳиби 1004 медал гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 79 медал зиёд мебошад;

-бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят сохтмони 300 майдончаҳо ва 80 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, дар шаш моҳи соли 2019-ум 46 майдонча, 1 маҷмааи варзишӣ ва 2 адади толорҳои варзишии замонавӣ бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд.

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

- дар ҳудуди вилоят 795 ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ - фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 97 меҳмонхона, 53 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 147 ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 76 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 38 осорхонаҳо, 90 мавзеъҳои сайёҳӣ, 36 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 122 тарабхона, 236 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 15 марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, 115 зиёратгоҳ ва 29 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан намуда истодаанд. Инчунин, дар вилоят 13 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият намуда, ба хизматрасониҳо машғули кор мебошанд.

- дар шаш моҳи соли равон дар умум дар вилоят 118301 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла 6262 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 112039 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф овардаанд.

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

- дар 6 моҳи соли 2019 дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 19289 ҷашну маъракаҳо гузаронида шудааст.

- дар ин давра 18779 хатнасӯр ва туйҳои домодию арусӣ баргузор гардид, ки аз онҳо 697 адад туйҳои хатнасур ва 41 ҷуфт туйҳои домодию арусии хайриявии дастаҷамъона мебошад.

Дар охир раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба саволҳои додаи намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои муфассалу қаноъатманд кунанда доданд.

 

На изображении может находиться: 1 человек, стоит и цветок

На изображении может находиться: 10 человек

На изображении может находиться: 15 человек, в помещении

На изображении может находиться: 9 человек, люди сидят и в помещении

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай