Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи "Истифодаи самараовари замин.....

Дирӯз, 8 декабр, дар ноҳияи Ҷайҳун семинари илмию амалӣ дар мавзӯи "Истифодаи самараовари замин, агротехникаи кишт ва парвариши картошкаю сабзавоти барвақтӣ ва рушди соҳаи лимӯпарварӣ" доир шуд.
Дар ин семинар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиён аз рафти шинонидани картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии "Хубон-3" ва "Илҳомиддин"-и Ҷамоати деҳоти "Қумсангир" дидан намуданд. Дар ин хоҷагиҳо аз техникаи муосири кишоварзӣ пурсамар истифода мебаранд.
Иштирокчиён инчунин бо таҷрибаи хоҷагии деҳқонии "Деҳқони асил"-и Ҷайҳун дар бахши бунёду пешбурди кори гармхонаҳо, ниҳол-парваришгоҳ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.
Дар гармхонаи доимоамалкунандаи хоҷагии деҳқонии "Назриён"-и Ҷамоати деҳоти Панҷ на танҳо лимӯ, балки дигар анвои меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла ду навъи грейпфрут парвариш карда мешавад.
Лимӯпарвари собиқадор Абдураҳим Тоҳиров аз таҷрибаи хуби худ оид ба ташкили гармхонаи парвариши лимӯ ва мандарин, инчунин тарзи қуттибандии лимӯ барои содирот ба Фередатсияи Россия ва Афғонистон нақл кард.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар маросими шинонидани ниҳолҳои лимӯ дар Ҷамоати деҳоти "Панҷ" иштирок намуданд.
Пасон, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун қисми назариявии семинври илмию амалӣ доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода ҳусни оғоз бахшида, ба зарурати истифодаи самараноки замин, техникаи киштукор ва парвариши картошкаю сабсавоти барвақтӣ ва рушди соҳаи лимӯпарварӣ таъкид намуд.
Вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ оид ба агротехникаи парвариш, нигоҳубин, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони картошка, парвариши зироатҳои сабзавоти барвақтӣ дар ҷануби мамлакат, рушди соҳаи ситруспарварӣ дар водиҳои Хатлон сухан гуфт.
Пасон, олимони соҳаи кишоварзӣ, профессорон Ҳикматулло Назиров, Турсунбой Ахмедов, Қутбиддин Руқниддинов доир ба мавзӯи семинври мазкур маърӯзаҳо хонданд.
Двр интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати рушди соҳаи ситруспарварӣ, роҳҳои афзоиш додани содироти ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар, истифодаи оқилона ва самарабахши ҳар ваҷаб замин, афзоиши истеҳсоли картошка ва сабзавоти барвақтӣ ба масъулон машварат ва дастуру супоришҳо дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

 

  

 

  

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.