Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани вилояти Шэнсӣ

Рӯзи 23 декабр, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз ҷумла музофоти Шэнсӣ муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Ин муносибатҳо бахусус баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой (31 август-4 сентябри соли 2018) ва дар рафти он ба имзо расидани як қатор санадҳои байнидавлатӣ густариши тоза ёфтанд.

- Рушди соҳаи иқтисодиёт, бахусус кишоварзӣ, саноат дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи соҳа, бартараф кардани проблемаҳои ҷойдошта бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, грантҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, - афзуд раиси вилоят.

Таъкид шуд, ки рӯзҳои 22-24 октябри соли 2019 бо даъвати роҳбарияти музофоти Шэнсӣ ҳайати вилоят бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии “Янлин-2019” иштирок намуд. Ҳайат дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ аз шаҳри Вэйнан дидан карда, бо вазъи парвариши боғҳои интенсивӣ аз наздик шинос ва бо роҳбарияти шаҳр гуфтушунид анҷом доданд.

Ҷаноби Гу Сюанхун, котиби генералии Ассосиатсияи халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии музофоти Шэнсӣ, аз номи роҳбарияти музофот мардуми Хатлонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳои ин ду бародарвилояти Тоҷикистону Чин дар самтҳои тиҷорату кишоварзӣ беш аз пеш вусъат пайдо менамоянд.

Ҷониби меҳмон ба роҳбарияти вилоят лоиҳаи бунёди боғи намунавӣ-таҷрибавии себи чиниро муаррифӣ намуд, ки қарор аст дар ояндаи наздик дар ҳудуди вилояти Хатлон амалӣ карда шавад. Зикр гардид, ки ин лоиҳа на танҳо бунёди боғи намунавӣ, балки воридоти техникаи муосири кишоварзӣ, ба роҳ мондани омӯзишҳо дар самти кишоварзию боғдорӣ, бунёди сардхона барои нигоҳдории то 2 ҳазор тонна мевагӣ ва ғайраро пешбинӣ мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳайати музофоти Шэнсӣ доир ба имтиёзҳои давлатӣ, шароити табиӣ, иқлим, заминҳои кишоварзӣ маълумот дода, изҳори мусоидати ҳамаҷониба барои татбиқи лоиҳаи мазкур намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукумати музофоти Шэнсӣ табодули назар карданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай