Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Кӯлоб. Машварати ҷамъбасти нимсола

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон Фозил, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ҳифзи ҳуқук, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони кумитаҳои маҳалла ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи тараққиёти рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои ҳоҷагии халқи шаҳр доир карда шуд.

 Пулод Ҳафизов – муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи тараққиёти рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои ҳоҷагии халқи шаҳр ҳисобот дод. Баромад тамоми чабҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Кӯлобро дар бар мегирифт.

 Зимни музокираҳодиректори ҶСК Шабакаҳои барқи Кӯлоб оид ба ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи маориф, иҷроиши нақшаи духти либосҳои мактабӣ ва ҳолати таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ, раисону ҷамоатҳои деҳот оид ба дастовард ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд.

 Дар самти рушди иҷтимоӣ ва корҳои тарғиботию ташфиқотӣ шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бахш оид корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурсида шуда, ба зиммаи онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

  Роҳбарони идораҳои коммуналӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пардохти музди меҳнати кормандон корбарӣ намоянд.

Ҳамзамон масъалаи бо оби нушокӣ таъмин намудани аҳолӣ зери назорати масъулин қарор дода шуд.

  Муовинони раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рафти амалишавӣ ва иҷрои пурраи лоиҳаҳо коргузорӣ намоянд, зеро бо амалишави лоиҳаҳо сатҳу сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар мегардад.

20180709_094624-300x225.jpg

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон