Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО РАИСИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРӢ

25 феврал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов дидору мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба саҳми фаъоли собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат тарғибу ташвиқи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ кард.

— Соли 2020 дар вилояти Хатлон нашрияи «Ваҳдатсаро» таъсис дода шуд, ки он ба минбари аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят тадбил ёфтааст, — қайд намуд раиси вилоят.

Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов миннатдории худ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иброз намуд.

— Соли 2021 барои кормандони ҳамаи Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ соли махсус аст, зеро дар соли ҷорӣ конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ва интихоби ҳайати нави ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, — зикр намуд Р. Қудратов. — Барои дастгириатон ҷиҳати пешрафти фаъолият ва таъмин кормандони Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бо ҳуҷраҳои корӣ арзи сипос менамоям.

Вилояти Хатлон зодгоҳи ҳазорҳо шахсиятҳои шоистаест, ки ному фаъолияташон даҳсолаҳо боз ибрати наслҳо буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзанд, — таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон заҳматҳои бисёрсола ва бенуқсони ҳамаи меҳтаронро дар корзори меҳнат, чун пирони кор, ходимони намоёни ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳибиззат ва корозмуда хуб мешиносанд ва қадр мекунанд.

Қайд гардид, ки собиқадорони ҷангу меҳнат, чун шахсиятҳои бедордили ҷомеа, бо эҳсоси баланди башардӯстӣ доим мардумро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, гуфтугӯи мусолиматомези тамаддунҳо ҳидоят менамоянд. Онҳо ва фарзандону шогирдони бешуморашон имрӯз ҳам дар баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар мегардонед ва онро тақвият мебахшанд.

Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали давлатдори миллӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва чеҳраҳое, ки дар рушду такомули соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузорӣ намудаанд, бо эътимоду боварӣ такя намуда, онҳоро мактаби тарбияи насли ҷавони ҷомеа унвон кардаанд.

— Ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, ин масъала ҳамеша дар мадди назари мо қарор дорад, — афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идора, муассисаву корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва соҳибкорону тоҷирон вазифадор карда шудаанд, ки дар арафаи иду ҷашнвораҳо дар баробари ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, табақаи ниёзманди аҳолӣ, ҳамватанони бемору барҷомонда дар ҷумҳурӣ кумак намудан, ба собиқадорони ҷангу меҳнат низ кумакҳои моддӣ расонанд ва ин амали хайру савоб дар вилоят хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ниёзмандон дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, шахсони эҳсонкор дастгирӣ ёфта истодааст.

Тайи ду соли охир бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон се ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва якчанд вохӯрии раиси вилоят бо меҳтарони меҳнат барпо гардид. Таъкид шуд, ки чунин ҷаласаҳо ва пайгирии масъалаҳои фаъолияти шӯроҳо ҳамкории собиқадорони меҳнатро бо раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои ҳокимияти давлатӣ дар самти тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб ва муаррифии арзишҳои миллӣ мустаҳкамтар хоҳад намуд.

Дар мулоқот изҳори итминон шуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнат паҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо истода, баҳри дастгирии сиёсати Роҳбарияти олии сиёсии кишвар тамоми донишу неру ва қувваи худро равона мекунанд ва бо иштироку ибрати шахсӣ, маслиҳату насиҳатҳо ва як каф дуои хайр дар амалӣ гардидани корҳои ободонию созандагӣ саҳми намоён хоҳанд гузошт.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай