Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР СОҲАИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ БАДЕӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади пуштибонӣ аз фарҳанги ҳазорсола, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, тарғиби адабиёти пурғановати миллӣ, ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис дод.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50, Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) таъсис дода шуда, ба барандаи ин ҷоиза Диплом ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҷоизаи муқарраршуда ба офарандагони таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик, якҷоя бо озмуни вилоятии эҷодии «Неруи сухан» ва Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин тақдим карда шавад.

Барои дарёфти ҷоиза олимони адабиётшинос ва мунаққидоне, ки дар муассисаҳои илмию таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият доранд, ҳуқуқи пешниҳоди асарҳояшонро доранд.

Тибқи низомномаи Ҷоиза, барои дарёфти ҷоизаҳо муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон довталаб шуда метавонанд.

Раёсати иттифоқҳои эҷодӣ, Шӯроҳои бадеӣ, Шӯроҳои илмии донишкада ва донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ, идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят ҳуқуқ доранд, ки барои дарёфти ҷоиза асарҳои арзандаро баъди эълони озмун ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Асарҳое, ки ба Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров пешниҳод мегарданд, бояд арзиши баланди илмӣ дошта, аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва мунаққидоне, ки дар вилояти Хатлон фаъолият мебаранд, таҳқиқ шуда бошанд. Ба пажӯҳишҳои илмӣ ва нақди адабие, ки доир ба осори адибони Хатлонзамин анҷом дода шудаанд, афзалият дода мешавад.

Ҳамон асарҳое мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки аз вақти нашри онҳо на бештар аз се сол гузашта бошад. Асарҳое мавриди қабул ва муҳокимаи Кумитаи тадорукот мегиранд, ки дар нашриётҳои адабии ҷумҳурӣ ва вилоят ба табъ расида бошанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай