Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 27.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи (ноҳия)-и Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Маркази матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуданд.

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки   инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати  “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай