Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - БОХТАР. ҶАЛАСА ОИД БА ОМОДАГӢ БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

      Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласа оид ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, муовини раиси кумитаи рушди маҳали назди Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода ва роҳбари дастгоҳ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар масъулон баргузор гардид. Дар он раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода вобаста ба мақсади ҷаласаи корӣ, фаъолияти гурӯҳҳо, иҷроиши супоришҳо аз протоколи ҷаласаи рӯзи 9 –уми август табодули афкор кард.

        Сипас, муовини раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода бобати иҷроиши нақша- чорабинӣ, дастуру супоришҳо ва таҳлили натиҷаҳои имрӯза ибрози андеша намуд. Дар қисмати охир роҳбарони зергурӯҳҳо ва дигар масъулон ба Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва Исмоилзода Ёқуб Борон оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳисобот доданд. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва муовини раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфит доданд.

DSC_0116_1.JPG

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон