Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Аксия бо усули «Хона ба хона» дар шаҳри Левакант

  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо ҷалби волонтёрони дар назди раёсатбуда тӯли 3 рӯз аст, ки дар шаҳри Левакант бо усули хона ба хона ва деҳа ба деҳа бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани хатари терроризм ва пешгирӣ намудани ин омили номатлуб ва бемории СПИД, ки имрӯз шуморае аз ҷавонон гирифтори ин вабои аср гардидаанд, аксия гузаронида истодааст. Дар аксияи мазкур беш аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Зимнан зиёда аз 50 нусха аз фиттаи филми «Решаҳои ноаён» барои тамошои оилавӣ ба аҳолӣ дастрас карда шуд. Аксияи мазкур дар ҷамоату деҳаҳои шаҳри Левакант идома дорад.

 

IMG_20180824_105618.jpgIMG_20180824_111339.jpg

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон