Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Дар ноҳияи Вахш семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.

           Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилоят Г.Азимзода ва мудири шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Г. Ҳалимова, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ш. Табарзода, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, котибон, муовинони раиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар намояндагони идора ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат доштанд. Ҳадаф аз баргузории семинар-машварат дар он аст, ки ба ҳозирин дастрас намудани Дастурамали мазкур буд. Иштирокчиёни семинар-машварат аз ин чорабинӣ таасуроти хуб гирифта, ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон