Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон  баргузор  гардид.

   

     Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ  оид  ба  пешгирии сӯйистеъмоли маводи  нашъадори  вилояти  Хатлон  таҳти  роҳбарии  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода баргузор  гардид.
     Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки мубориза  бо нашъамандӣ ва гардиши  ғайриқонунии он кори дастаҷамъӣ буда, дар самти тарғибу ташвиқи пешгирии нашъамандӣ корро ҷоннок бояд намуд.

«Дар  ин  самт  ҳамкориҳо  амалӣ  бошанд  ва  маводҳо  оиди  пешгирӣ,    буклету  рекламаҳо  бо  ҷалб   ва   иштироки  фаъоли  мутахасисони  соҳаи  тандурустӣ   ба  роҳ  монда  шаванд. Инчунин барои омода намудани муттахасион — наркологҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд», — зикр намуд  М. Хидирзода

     Дар  ҷаласа ҳамчунин котиби  Шӯрои  ҳамоҳангсозии  вилоят  дар бораи  натиҷаи  санҷиши  фаъолияти Шӯроҳои  шаҳри  Левакант ва ноҳияи  Дӯстӣ ҳисобот дод.

    Ҳамзамон  дар  ҷаласа  ахбороти сардори Раёсати телевизион ва радиои  вилояти  Хатлон  ва сармуҳаррирони  нашрияҳои вилоятӣ  вобаста  ба  татбиқи  “Стратегияи  миллии  мубориза бар  зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2013-2020”, инчунин ахбороти Маркази  наркологии  вилояти Хатлон  дар  самти ҳамкорӣ  бо  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  шунида  шуд.

.




 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон