Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Иттифоқҳои касаба ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои кормандон аст

    

   

     Дар толори маҷлисии Литсейи давлатии №1-и шаҳр бо иштироки ҳайати кормандони Кумитаи  Иттифоқҳои касабаи вилоят  ва раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи  тамоми соҳаҳои фаъолият дар шаҳр дар мавзӯи ҳифзи меҳнати кормандон семинар-машварат баргузор гардид.

           Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризоев вобаста ба рафти ба кор қабул шудани корманд ва ҳимояи манфиатҳои ҳамаҷонибаи ӯ аз ҷониби иттифоқҳои касаба сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки корманд ҳангоми ба кор қабул шудан аз ташхиси тиббӣ гузаштан ва дигар хороҷоти ба ин монандро худаш пардохт мекунад.

            Аммо дар ҷараёни фаъолият дар корхона, барои аз ташхиси тиббӣ гузаштан ва табобат гирифтани корманд бояд корфармо мувофиқи талаботи Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сметаи корхона маблағ ҷудо намояд. Иттифоқи касабаи ҳар идора ҳақ дорад ва вазифадор аст, ки барои табобати кормандон аз корфармо маблағи заруриро талаб намояд,-афзуд Ризоев.

 Назаров Шариф, мудири шуъбаи молияи Иттифоқҳои касабаи вилоят дар хусуси дар кадом самт сарф шудани 1%-и музди меҳнати кормандон, ки ба ҳисоби Иттифоқи касаба гузаронида мешавад, ҳарф зад. Мавсуф зикр кард, ки 1% аз маоши кормандон барои ташкил ва ба роҳ мондани буҷаи Иттифоқҳои касабаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба гирифта мешавад.

            Ба иттилои Назаров Шариф, тамоми чорабинию ҷамъомадҳое, ки дар муассисаву корхонаҳо гузаронида мешавад, хароҷоти онҳо аз ҳисоби сметаи буҷаи корхона ҷудо карда мешавад. Кормандоне, ки ба сафарҳои хидматӣ фиристонида мешаванд, низ аз ҳисоби буҷети корхона хароҷоташ рӯйпӯш карда мешавад. Ҳама гуна хароҷоте, ки аз ҷониби корманд сурат мегирад ва онҳо ба кори идора иртибот доранд, корманд метавонад бо пешниҳоди ариза ба раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба аз ҳисоби буҷаи молиявии корхона маблағи заруриро барои хароҷоташ бигирад.

 Қайд гардид, ки ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи корхонаҳо вазифадоранд, ки китоби навбатдорӣ ташкил намуда, кормандонро барои роҳхат гирифтан ба санаторияҳо ва истироҳатгоҳҳо ба навбат гузорад. Барои ҳар кормандон ба навбат маблағи то 1500 сомонӣ барои то 12 рӯз ва барои фарзандони онҳо 500-550 сомонӣ  барои то 15 рӯз аз ҳисоби муассиса пардохт мегардад.

            Раиси Шӯрои Кумитаи Иттифоқҳои касаба Ризоев изҳор дошт, ки дар ҳар идораву коргоҳ ва муассисаву ташкилот бояд гӯшаҳои иттифоқҳои касаба мавҷуд бошад. Иттифоқҳои касаба барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, беҳдошти саломатӣ ва дигар манфиатҳои коргарон ташкил карда мешавад ва фаъолияташ низ дар ҳамин самт ба роҳ монда шудааст.


 






 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон