Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Левакант. Рафтори ноҷавонмардонаи мухолифинро маҳкум карданд

 

  Рӯзи 13-уми сентябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва аъзои маҳфили «Гулбазм» бо шогирдону устодони ин деҳа вохӯрӣ доир гардид, ки дар миёни аҳли нишаст вобаста ба қадру манзалати омӯзгор ва падару модар, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳи тайнамудаи мардуми тоҷик барои расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар, нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон ва ҳоказо суҳбати гарму самимӣ доир гардид.

   Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳ. Султонов, аъзоёни фаъоли он А. Мастов, Д. Ҳасанов ва Б. Валиев дар бобати масъалаҳои дар боло зикршуда бо овардани мисолҳо аз рӯзгори гузаштаи мардум сухан гуфта, аҳли нишастро ба дӯст доштани ватан, муҳофизати музаффариятҳои он ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ даъват намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин дар бораи воқеаҳои дар пойтахти Полша рӯйдода ва кӯшиши навбатии як гурӯҳ мухолифин, ки дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи САҲА бо рафтори ноҷавонмардонаю иғвоангезона хостанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати баҳсҳои сиёсӣ қарор диҳанд, андешаҳои худро иброз дошта, қайд намуданд, ки зина ба зина боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик, қомат афрохтани иншоотҳои гуногуни маишию хизматрасонӣ ва фарҳангӣ ва нақшаҳои бешуморӣ созандагию бунёдкорӣ ботил будани суханҳои онҳоро исбот менамояд. имрӯз ҳар яки мо метавонем бо хониши хубу аъло, бунёдкорию созандагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии кишвар ватани худро аз чунин туҳмату иғвоангезӣ эмин нигоҳ дорем.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон