Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Тарғиби фарҳанги либоси миллӣ

  12 Сентябри соли ҷорӣ  дар назди  Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, колеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ дар шаҳри Бохтар буда, аз ҷониби сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти оҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди бегонапарастӣ, алалхусус пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона рейди муштарак гузаронида шуд.

  Вобаста ба масъалаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон суҳбату   вохури баргузор карда шуд, ки дар он муовини сардори раёсат иштирок ва суханрони намуданд. Мавсуф дар ҳошияи гуфтаҳои хеш қайд намуданд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳама аҳли ҷомеа баҳри пешгирии ин амали номатлуб, ки аз ҷониби баъзе донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  имрӯз дида мешавад корҳои ташфиқотиву тарғиботиро ҷоннок намоем.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон