Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - ҶАЛАСАИ САЙЁРИ МАШВАРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

        Дар толори Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва ҷонишинонаш, ҷаласаи сайёри машваратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи имрӯзаи  таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар ҷаласа ҳолати муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои тахсилоти умумӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои олии минтақа таҳлил ёфта, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳо дода шуд. Дар машварат оиди фаъолияти коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии хусусӣ изҳори нигаронию ташвиш намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳоло ҳам вазъи ҷамъоварии китобҳои иҷора ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

  Дар машварат аз иштирок надоштани масъулони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии  баъзе шаҳру навоҳии минтақа, ба амсоли шаҳри Норак, ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон ва Фархор изҳори таассуф намуданд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон