Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Табрикоти раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д. Қ. ба мардуми вилояти Хатлон ба муносибати Иди Ғалаба

Ҳамдиёрони азиз!

 Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба – 9 май ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Ин Рӯз ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин ва сулҳпарвар дар аксари мамолики дунё ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи бузурги таърихӣ  дар баробари дигар насли башар барои  тоҷикистониён  низ азиз ва гиромӣ аст.

 Ҳанӯз аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи тоҷик дар қатори  дигар халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ беш аз 290 ҳазор нафар фарзандонашро баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ба ин ҷанг сафарбар намуда буданд. Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард абадӣ монда ба Ватан барнагаштанд.

 Ба нишони қадрдонӣ аз далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

 Меҳнаткашони Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ расонда, онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристода, ба захираи мудофиавии Ватан  беш аз 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд, ки дар ин амали босубот сањми ҳамдиёрони мо - сокинони Хатлонзамин низ хеле назаррас аст.

 Эҳсоси ватандӯстӣ ва фидокориҳои насли даврони ҷанг барои мо сокинони имрӯзаи Тоҷикистон, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва шоёни пайравист.

 Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тамоми нерӯюи заковати худро танҳо барои ободии Ватани азизамон сарф намоянд.

 Бо ҳамин ниятҳои нек Шумоён, ҳамдиёрони азиз ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро, бо Иди Ғалаба табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат дар ақибгоҳ тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам. Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бимонед.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон