Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Мубориза бо малах вусъат меёбад

      Майдони умумии паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 59735 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки мутахассисони соҳо барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имконияти лозима самарабахш истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

 

      Тибқи маълумоти фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» майдони паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 76724 гектарро ташкил медиҳад, ки то ҳафтаи гузашта дар майдони қариб 60 ҳазор гектараш коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 669 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. Инчунин баҳри мубориза бар зидди малах 35 трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 505 дорупошаки дастию моторӣ истифода гардид.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон