Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗ МУТАШАККИЛОНА СУРЪАТ МЕГИРАД

       Дар хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии минтақаи Кӯлоб маъракаи ҷамъоварии пиёз муташаккилона оғоз ёфта, рӯз аз рӯз суръати тоза мегирад. Истеҳсолу ба бозорҳои дохилӣ баровардани он, нархи ин маҳсулоти аввалиндараҷаро ба маротиб поён бурд. Акнун деҳқонон азм доранд, ки маҳсули ранҷи хешро ба нархи дилхоҳу мувофиқ ба содирот бароварда, соҳиби манфиати бештаре шаванд.

 

      Бардоштани  манфиати хуби иқтисодӣ боиси ҳамасола афзудани майдонҳои кишти пиёз гардид ва натиҷа ҳамин аст, ки майдонҳо пайваста дар ҳоли васеъшавианд. Айни ҳол майдони умумии кишти пиёз дар минтақа 2450 гектарро ташкил менамояд ва дар назар аст, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 209 сентнерӣ ҳосил бардошта мешавад. Ҳосили айни ҳол бардоштаи деҳқонони минтақа 211 сентнерро ташкил менамояд ва тавре мебинем ин нишондод дар нисбати  нақшаи дурнамо 2 сентнерӣ зиёд аст.

        Майдони кишти пиёзи деҳқонони ноҳияи Данғара 600 гектар, Фархор 400, Восеъ 350, Ҳамадонӣ 310, Муъминобод 220, Ховалинг 90, Балҷувон 20 ва Шамсиддин Шоҳин 10 гектарро ташкил менамояд. Дар ин маврид таъкид бояд кард, ки аз нигоҳи сифату тамъ пиёзи  ноҳияҳои  Муъминободу Ховалинг бартарӣ дошта, хеле бозоргиранд

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон