Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Мулоқоти фаъолон бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб

         Гурӯҳи кории тарғиботии муштарак бо амри раиси вилояти Хатлон вобаста ба фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 май баргузор гардида буд, дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ва ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳо доир намуданд.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ олимон, директори муассисаи таълимӣ ва собиқадорони меҳнат шомил буданд.

Гурӯҳи корӣ вохӯриро аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз намуд.

Дар вохӯрӣ омӯзгорону донишҷӯён дар ҳайати 500 нафар иштирок доштанд.

 Вохӯриро муовини соҳавии раиси шаҳр кушода сӯхани аввалинро ба роҳбари гуруҳи корӣ Шарифзода Муҳамадӣ дод. Дар суханронии худ мувсуф оид ба риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуд, ки гузаронидани маъракаҳо бе забҳи чорво ва хароҷотҳои зиёдатию худнамоӣ бояд гузаронида шаванд.

 Асосан қабули Қонун барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ қабул гардидааст, бинобар ин риояи Қонун ба манфиати ҳар як шахс мебошад. Ҳамчунин дар баромади худ қайд намуд, ки садақаи фитр бояд ба шахсони яккаву танҳо, ятимон ва оилаҳои эҳтиёҷманд дода шавад.

 Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию экстремистӣ бояд корҳои таблиғотию ташвиқотӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда, ҷавнононро ба корҳои созандагӣ ва варзиш бештар ҷалб намудан зарур аст.

 Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмии динӣ доранд, бояд ҳар чи зудтар баргардонида шаванд, чунки хавфи ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои зикргардида бештар мебошад.

 Одилзода Дилбар директории мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дар баромади худ қайд намуд, ки таълиму тарбияи фарзанд аз овони хурдсоли муҳим буда, падару модар ба ин масъала бояд диққати доимӣ диҳанд.

 Ҳамчунин падару модар бояд бо муассисаҳои таълимӣ робитаи мустаҳкам дошта, бо омӯзгорон ҳамкорӣ намуда ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро бояд риоя намоянд.

 Ҳамзамон аз маъракаҳои пурдабдабаю сехароҷот бахусус занон бояд худдорӣ карда, маблағҳои сарфа шударо барои тарбия ва илмомӯзии онҳо сарф намоянд.

 Худоёр Раҷабалӣ дотсент, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи фаннҳои забони тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Зафар Мирзоён- мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ва Валиева Саъбагул- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оид ба оқибатҳои гурӯҳбозиҳо ва низоъҳои давлати Афғонистони ҳамсоя гуфта гузаштанд.

20180521_092530-300x225.jpg20180521_122214-300x225.jpg20180521_144512-300x225.jpg

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон