Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 936 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
1. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
2. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
3. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
4. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
5. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
6. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
7. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
8. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
9. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
10. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
12. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
13. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
15. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ
16. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳраки Москва, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Телефон: (8-33-15) 2 - 22 - 56
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар муҳлати 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар дар нашрияҳои расмӣ қабул карда мешаванд.