Чанд рӯз қабл 29.06.2023 дар ноҳия озмуни вилоятӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин хонаи истиқоматӣ, маҳалли аҳолинишин, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр ҷамъбаст гардид.
Ҷамъбасти озмун ғолибонро муайян намуд.
Аз рӯйи номинатсияи хонаи истиқоматии беҳтарин ҷойҳои 1,2 ва 3-юм насиби Умаралиев Мирзоалӣ- сокини кӯчаи ба номи С. Турдиеви шаҳрак, Одинаев Назримад- сокини деҳаи Сайёди Ҷ/д ба номи Турдиев, Ҷумахонов Хоксор- сокини деҳаи Меҳрвари деҳоти Чубек гардид.
Дар номинатсияҳои маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафурови шаҳрак, Исмоили Сомонии шаҳрак, ба номи Синои шаҳрак; деҳаи беҳтарин- деҳаи Пушкини Ҷ/д Қаҳрамон, Гулободи Ҷ/д Меҳнатобод, Тудабоёни Ҷ/д Чубек; деҳоти беҳтарин- Ҷ/д Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Чубек сазовори ҷойҳои ифтихории 1-ум, 2- юм ва 3- юм гардиданд.
Ба ғолибони Озмун Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд супорида шуд.