Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҒОЗАИ ҲУСНИ ШАҲРАК

        Бо ташаббуси ҷавонмарди  созандаю бунёдкор дар маркази шаҳрак  мағозаи « Хизматрасонва савдо», ки аз  молҳои саноатӣ ва толори арўсӣ иборат аст,  дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Мағозаи мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Насим  Комилзода ба арзиши  150 ҳазор сомонӣ бунёд намуда, мавриди истифодабарӣ қарор дод. Дар ифтитоҳи мағозаи мазкур, ки дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид, раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода ва дигар кормандони ҳукумат иштирок доштанд.

     Ба маврид аст қайд намоем, ки маркази ноҳия, шаҳраки Москва бо дастгирию мадади  ҷавонмардони ватандўсту саховатпеша сол аз сол ободу зебо шуда, таровати тозаеро бо худ мегирад. Махсусан, дар давраи соҳибистиқлолӣ  рушду нумуъ карда, яке аз ҷойҳои тамошобоби ноҳия гаштааст.

      Ин  мағозаи зебову замонавиро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии кишвари азизамон сохта ба истифода доданд. Мағозаи мазкур ба ҳусни шаҳрак ҳусни наверо зам мекунад.  

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай