Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Натиҷагирӣ аз раванди иҷроиши корҳо

      Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи раиси ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба  таъмини иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025  ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи барномаи рушди ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи корҳо вобаста ба татбиқи лоилаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 дар давраи нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба иҷрорасида, мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

      Ҳамчунин, дар ҷаласа намояндагони Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб (дар доираи Лоиҳаи LITAСA) Собитов Ҳ. ва Алиев И. иштирок ва доир ба роҳу воситаҳои ҷалби манбаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди ноҳия суханронӣ намуданд. 

      Мувофиқи маълумотҳои ҷамъбастгардида аз шумораи умумии 188 лоиҳа то ин давра 57 лоиҳа, аз ҷумла 24 лоиҳа иҷро ва 33 лоиҳа қисман бо маблағи 45 миллиону 614,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки дар маҷмўъ 8,3 фоизи иҷроиши барномаро дар бар мегирад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай