Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТ ХУРСАНДИБАХШ БУД.

          Натиҷаҳои рўшди  иқтисодӣ ва хоҷагии халқи  ноҳия ҷамъбаст гардид. Аз рўйи ин масъала ҷонишини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода баромад намуд. Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки меҳнаткашони ноҳия аз нахустин рўзҳои аввали соли рафтаистода корро дар асоси талаботҳои рўз ба роҳ монда, дар тамоми соҳаҳои  хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ 325 миллиону 684,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 26,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад, ба 30641,0 тонна, сабзавот ба 30967,3 тонна, гўшт ба 1276,7 тонна,  шир ба  5713,6 тонна, тухм  1миллиону 835,3 дона, полезӣ ба 6336, 9 тонна, меваҷот ба 3722,0 тонна расонда шуд. Саршумори чорвои калон ба 36 ҳазору 768 сар, моли майда ба 70 ҳазору 206 сар, саршумори парранда ба  52200 сар расонда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад.     

         Дар қатори муваффақиятҳои  соҳаҳои хоҷагии халқ  боз меҳнаткашони ноҳия ба ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ  диққати алоҳида дода, дар ин самт низ ба комёбиҳои назаррас муваффақй шуданд. Танҳо дар давоми  солҳои охир дар ноҳия даҳҳо адад иншоотҳои  хизматрасон, хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда  даҳҳо километр роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгў  тахту ҳамвор ва асфалтпўш карда шуданд.  Агар ба рақамҳо назар андозем, ҳис мекунем, ки меҳҳаткашони ноҳия дар зери ғояҳои ватандўстона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кору меҳнат намуда, муваффақиятҳояшонро рўз аз рўз фузунтар намуда истодаанд. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ таъмиру бунёди  242  иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Соли 2018-12 иншоот,  соли 2019- 90 иншоот, соли 2020- 103 иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Дар 6-моҳаи соли ҷорӣ бошад, 73 иншооти ҷашнӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

        Меҳнаткашони ноҳия, махсусан ҷавонмардони эҳсонкору саховатпешава дасткушод тасмим гирифтанд, ки то рўзи ин ҷашни бузург боз даҳҳо иншоотҳои хизматрасонро  мавриди истифода қарор медиҳанд ва ин санаи таърихиро сазовор истиқбол мегиранд.  

Маркази матбуоти раиси ноҳия  

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай