Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶОНИШИН РАФТ-ҶОНИШИН ОМАД.

      Дар ҳукумати ноҳия ҷонишин иваз  шуд. Ба ҷои Санифамоҳи Тағаймуродзода, ҷонишини нав  Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ омад. Ибрози ақида намуданием, ки муҳтарам С.Тағаймуродзода давоми 12 сол ин вазифаи пурмасъулиятро ба зимма дошт ва онро сарбаландона сомон дод. Чи тавре, ки раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар гусели тантанавии Санифамоҳ гуфт, ин зани соҳиби идроки баланд ва дониши қавӣ тавонист дар давраи роҳбариаш соҳаҳои ба ў вобастакардаро  ба фаъолиятнокӣ, ғайратмандӣ,  ташаббуснокӣ равона созад.

      Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода қайд кард, ки  дар радифи вазифаи хизматиаш С.Тағаймуродзода боз дар пешравии кори ҳизб фаъолияти баланд нишон медод. Дар якҷоягӣ семинару ҳамоишњҳ ва дигар чорабиниҳо омода менамудем, ки онҳо дар равнақи худшиносии миллии ҷавонон, содиқ будан ба ғояҳои ҳизб кўмаки асосӣ мерасонданд.

       Ҳангоми шинос намудани ҷонишини нав   Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ раиси ноҳия қайд кард, ки муҳтарам  Исҳоқӣ Ҳ.Д. хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 52-и ноҳияамон буда, соли 2000-ум Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва  соли 2017 Магистратураи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2000-ум то имрўз дар вазифаҳои масъулиятнок кор кардааст. Ў  дар вазифаҳои гуногуни  Кумитаи  кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Тоҷикистон,  сармутахассиси  шуъбаи  кадрҳои  Дастгоҳи раиси  шаҳри Душанбе ва то омаданаш ба ноҳия  ба сифати муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарбаландона ифои вазифа намудааст.                                                                            

 Маркази матбуоти раиси ноҳия       

 

 

                                                                                            

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай