Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ФОҶИАИ ҶАҲОНИСТ

        АНДЕША. Терроризм зуҳуроти номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризм мебошад. Решаи терроризм хеле амиқ мебошад. Имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад содир шудааст. Дар марҳилаи кунунӣ низ амалҳои террористӣ сабаби кушта шудани миқдори зиёди одамони бегуноҳ мегардад. Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти террористҳои байналмиллалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонанд. Терроризм падидаи сиёҳу ғайриқонунӣ ва ҷинояти муташаккил унвон гардида, ба вазъи кунунии сайёра ва ҳаёти инсонҳо хатари ҷиддие дорад.

 

        Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аммо барои як инсони оддӣ фаҳмиши терроризм , экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Шароити имрӯза моро водор мекунад, ки мубриза бо ифротгароии динӣ ва терроризм чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем.

         Тавре маълум аст, ки ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рӯ дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.

         Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

        Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд. Агар шабеҳи як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва маҳфумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳи як ифротгаро хоҳанд буд.

       Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Террорист тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад.

       Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсаду ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Террористон бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд. Дар амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

        Бо экстремизми динӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза барад. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ ва сиёсии ба пайдошавии экстремизм мусоидаткунандаро барҳам дода, фаъолияти зиддиқонунии экстремистиро ҷилавгирӣ намояд, ҷомеа бошад, бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ғояҳои экстремистӣ, ғояҳои инсондӯстӣ, сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, зидди экстремизми динӣ амал кунад.

       Аз ин хулоса баровардани мумкин аст, ки пеши роҳи чунин як амали пасту нангинро ҳама гуна давлат дар ягонагиву муттаҳидии хеш бо мардумаш гирифта метавонад. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз халқи тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами хеш муттаҳид гардида ва барои гурӯҳҳои ифротию террористиро дар марзу бумашон роҳ надодан, маҳкум намудани мақсадҳои ғаразноки онҳо тайёранд.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай