Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИФЗИ ИСТҚЛОЛУ ОРОМӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Истиқлотияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад. Эмомалӣ Раҳмон

Мо дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар қарор дорем. Инак 30 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ расман ба сифати давлати мустақил мешиносанд. Хушбахтии халқи мо дар он аст, ки дар як муддати кутоҳ қариб ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла қудратмандтарин мамолики Ғарбу Шарқ истиқлоли моро ба таври расмӣ шинохтанду пазируфтанд. Аксарияти онҳо бо мо муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондаанд. Роҳҳои тиҷоратӣ ва рафту омад миёни бисёр кишварҳо кушода шуд. Ҳамчунин кишвари мо бо як қатор мамлакатҳои дигар ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангиро ба роҳ монд.

Чизи дигаре, ки боиси ифтихор аст, шомил ва узвияти Тоҷикистон дар чандин созмонҳои байналмилалист. Яке аз онҳо Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки Тоҷикистонро дар аввалҳои ба даст овардани истиқлолаш ба узвият пазируфт. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмон низ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт. Ин ҳама нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлол дар тамоми дунё ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохта шудааст.

30 сол аз нигоҳи марҳилаи таърихӣ давраи хеле кӯтоҳ мебошад. Вале ба таҳқиқ назар афканем, 30 сол барои кишвари мо пур аз ҳодисаву руйдодҳои муҳим ва тақдирсоз маҳсуб ёфта, дар ин марҳилаи кӯтоҳ дар кишвари мо сохти конститутсионӣ барқарор гардида, ҳазорҳо корхонаҳои саноатии хурду бузург бунёд шуд. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва садҳову ҳазорҳо дастовардҳои дигар ин ҳама маҳсул ва меваи шаҳдбори даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Маҳз бо шарофати истиқлолу озодӣ дар кишвари мо сулҳи комил пойдор гардида, мардум дар фазои осоишта кору зиндагӣ доранд. Имрӯзҳо мо шоҳид мегардем, ки дар баъзе кишварҳо, ки амнияту оромии зарурӣ ҳукмрон нест, мардум бо таҳлукаву изтироб умр ба сар мебаранд. Дар айни замон сиёсатҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ҳангомаҳои фитнабарангез рӯз аз рӯз зиёдтар мешаванд, ки амнияту оромӣ ва истиқлоли кишварҳои оламро халалдор месозад. Раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дар айни замон ба истиқлоли мо низ хатар эҷод мекунад. Гузашта аз ин, бадбахтона имрӯзҳо баъзе аз душманони миллат аз хориҷ садо баланд мекунанд, мехоҳанд амнияту оромии ҷомеаро халалдор созанд, мафкураи ҷавонони моро вайрон кунанд.

Аз истиқлол нозидан хуб аст. Вале бо дарназардошти гуфтаҳои боло барои пойдор ва мустаҳкам мондани истиқлоли комили кишвар моро зарур аст, ки тамоми неруи зеҳнию ҷисмии худро равона созем. Дар ин радиф, сараввал бояд аз корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирем. Нек дарк намоем, ки ин шахсият бо қаҳрамониҳои худ тавонист, оташи хонумонсӯзи ҷанги дохилиро хомӯш намояд. Гурезагонро ба Ватан баргардонад. Мардумро ба сулҳу иттиҳод ва ваҳдату ҳамдилӣ даъват кунад. Сипас, аз хизматҳои шоёни фарзандони ин миллат фаромӯш накунем. Номи онҳоро ҳамеша дар аввал зикр намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад”. Дигар, моро зарур аст, ки барои ҳифзи арзишҳои соҳибистиқлолӣ камар ба хизмати софдилонаи халқу миллати хеш бандем. Моро мебояд ба таҷрибаи сулҳи кишварамон такя карда, онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Истиқлоли давлатӣ барои мо бояд аз ҳама чиз боарзиштар бошад. Чун он барои мо ободӣ, оростагӣ, озодӣ ва тамоми шароитро фароҳам сохт. Ҳифзи ин муқаддасоти арзишманд барои ҳар яки мо бояд амри ногузир бошад. Мо бояд бо дарки масъулияти баланд ба қадри истиқлол расида, онро пос дорем.

Шукрона кунем ва ифтихор аз он дошта бошем, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ худро ҳамчун тоҷики асил шинохтем. Аз мероси фарҳангии худ дар арсаи байналмилалӣ дифоъ кунем. Расму оин ва анъанаҳои миллиамонро аз нав эҳё ва ҳифз намоем. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем”. Аз ҳамин нуқтаи назар таъкид карданиам, ки мо бояд хизматҳои фарзандони миллатро қадр намуда, Истиқлоли давлатиро бо роҳи худшиносии миллӣ, донитсани таърихи Ватан, эҳёи оину суннатҳо, рушди илму адаб ва монанди ин нигоҳ дорем ва онро мароми ҳамешагии худ созем.

Исматуллои ШЕРХОН,

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай