Рўзи 27 июли соли равон дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хабарнигорони рўзномаю маҷаллаҳо, радиову телевизионҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳияи Маҳдӣ Орифзода, иҷокунандаи раиси дастгоҳи раиси ноҳия А. Самиев, муовинони раис, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони соҳаҳои маориф , фарҳанг, тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Сараввал, муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2021 маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 110 фисад иҷро гардидааст,
Нақшаи қисми хароҷотии буҷети ноҳия дар ин давра 98 фисад иҷро шудааст, яъне ба ҷои 36341,6 ҳазор сомонии нақшаи шашмоҳа аз ҳисоби буҷет 35618,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Дар ноҳия 7 Лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 8,8 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021- 2025 188 лоиҳаро ба маблағи 551,5 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ҷиҳати иҷроиши он тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истода, ба ҳолати 1 июли соли 2021 54 лоиҳа ба маблағи 45,2 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 61 миллиону 652,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 11 миллиону 871,7 ҳазор сомонӣ, ё ки ба андозаи 23,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 66 корхонаи саноатӣ 60 корхона фаъолият дошт. Аз шумораи умумии корхонаҳо 10 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда , 6 корхона фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда натавонистанд, ки мавсимӣ мебошанд.
Дар бахши сохтмон, дар ин давра дар ҳаҷми 34 миллиону 321,4 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуда, ба маблағи 16 миллиону 170,5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз худ карда шудааст.Ҳаҷми маблаҳгузорӣ аз ҳама сарчашмаҳо ба ин соҳа 35 миллиону 311,6 ҳазор сомониро ташкил дод .
Дар ин давра ба маблаҳи 443,6 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ ба сомон расонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2020 88930 сомонӣ зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 325 миллиону 684,6 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуҳли аҳолӣ дар ноҳия 885 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо 452 нафарашон занону духтарон мебошанд. 394 нафар шаҳрвандон дар ташкилоту муассисаҳо ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар асоси ҳисоботҳои оморӣ дар нимсолаи аввали соли равон аз ноҳия 5098 шаҳрванд ҳамчун муҳшоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар карданд, аз ин шумора 4901 нафарашон мард ва 157 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 32617 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки ба онҳо 1911 нафар омўзгорон таълим доданд. Аз ҳисоби 2051 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1853 нафар ба мақсади идомаи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар ба ММТ ҳуҷҷат супориданд , ки ин 91 фисадро ташкил медиҳад.
Дар бахшҳои тандурустӣ , фарҳанг, кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳо хуб маҷро гирифта , комёбиҳо дар ин самтҳо назаррасанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 205- тояш мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло, азнавсозии Боғи фарҳангию истироҳатӣ, бинои Филармонияи мардумӣ, сохтмони Амфитеатр , толори варзишии Боғи истироҳатӣ, бинои МТМУ №43 ва даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ бо суръат идома дорад.
Баъдан, бо пешниҳоди муовини аввали раиси ноҳия М. Орифзода қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ шуруъ гардид. Дар нишаст хабарнигорони воситаи ахбори умуми Темуршоҳи Файзалӣ, Нурулло Ҳасанов, Худойдоди Ислом, ғайбулло Ҳалимов, Билоли Шамс, Хайрандеш, Раҳматалӣ Назриев, Исломи Раҷабалӣ ва дигарон доири масъалаҳои мубрами рўз - бахши кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо (аз ҷумла картошка), ҳолати корхонаи шарбатбарорӣ, таъмиру азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳия, вазъи пешгирӣ аз бемории коронавируси СОVlD-19, фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ, расонидани кумак ба аскарони аз хизматбаргашта ва нафарони аз зиндон озодшуда, танзими нақлиёт дар ҳудуди бозори ноҳия, дар бораи партовҳои дохилу атрофи бозор, доири растаҳои мошинногузари бозори ноҳия оиди иҷрои Барномаи компютеркунонӣ ва нарасидани китобҳои дарсӣ ва дигар масъалаву проблемаҳои вуҷуддошта савол дода, аз ҷониби муовини аввали раиси ноҳия ва шахсони мутасаддӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай