Чӣ тавре, ки ҳамагон иттилоъ доранд, имрўз бемории марговари коронавирус ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Барои табобат ва аз паҳншавӣ пешгирӣ намудани он тамоми табибони дунё шабу рўз заҳмат кашида истодаанд. Мутаассифона, ин беморӣ дар мулки мо низ каму беш дар гардиш аст. Бо ҳидоят ва дасгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ ва табобати одамони ба ин беморӣ мубтало гашта тамоми чорабиниҳои табобатӣ дида шуда истодааст. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ Ситоди махсус, ки онро ҳанўз аз моҳҳои аввали ошкоршавии ин беморӣ дар ноҳия созмон дода буданд, амал мекунад. Аъзоёни Ситод вазъи ин бемориро дар ноҳия таҳти назорати қатъии худ қарор дода, дар ҳолатҳои лозимӣ ёрии фаврии ҳаматарафа мерасонанд.
-Духтурони мо дар ин вазъияти басе ҳассос шабу рўз дар хизмати беморон қарор доранд. Мо аз дастгирию мадади раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода басе миннатдорему қаноатманд. Раис мунтазам аз тарзи корбарии мо, воридшавии беморон, ба табобат пурра фаро гирифтани беморон воқиф гардида, маслиҳатҳо медиҳад. Ҳоло дар соҳаи тандурустии ноҳия 165 нафар духтурон аз онҳо 57 нафар бо категорияи олӣ ва 966 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолияти пурсамар доранд. Аз ин миқдор 51 нафар дар беморхонаи марказӣ ва 8 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ (қитъавӣ) дар хизмати меҳнаткашонанд. Мо дар баробари табобат кардан, боз ба корҳои оммафаҳмонӣ, профилактикӣ диқкати махсус медиҳем. Натиҷаи чунин корҳои дастҷамъона ҳаст, ки шумораи беморон рўз аз рўз кам шуда истодааст. Махсусан, он шахсоне, ки бо бемории коронавирус гирифтор шудаанд, дар маркази диққати шифокорони моанд ва ба табобат пурра фаро гирифта шудаанд. Хушбахтона, дараҷаи фавти одамон аз ин беморӣ ба маротиб камтар шудааст,-гуфт ҳангоми суҳбат сардухтури ноҳия Ҳасан Розиқов.
Маркази матбуоти раиси ноҳия