Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОЗМУН БАРГУЗОР ГАРДИД

        Дар толори мактаби миёнаи рақами 14 озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ …» баргузор гардид, ки дар он 164 нафар довталабон аз мактабҳои ноҳия ва 28 нафар довталабон аз  кормандони соҳаҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар озмун қатори хонандагон боз падару модарони онҳо ширкат варзида, ба донишу малакаи фарзандони худ ва ҷавобу баромадҳои онҳо шинос шуданд.   Озмун дар рўҳияи озод, якдигарфаҳмӣ ва ҳақиқатнигорона баргузор гардид. Ҳайати ҳакамонро омўзгорони ботаҷриба, адибону шоирон  ташкил мекарданд. Ҳар як баромадкунанда кўшиш мекард, ки ба ҳакамн донишу малакаи шеърхониашро, асрҳои бадеии мутолиа кардаашро, тарзи қироати шеърро, хулоса омодагиашро ба озмун нишон диҳад. Озмун бори дигар нишон дод, ки  ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, тамоми қирши ҷомеъаро  ба хондани китоб, ғанӣ намудани малакаҳои донишандўзиашон раҳнамун сохт. Нисбати солҳои қаблӣ дар озмун ширкат варзидани шумораи зиёди хонандагон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия гувоҳ аз он медиҳад, ки ин озмуни бонуфўз аллакай, дар тамоми мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, хонадони ҳар як сокини кишвар  мавқеи худро пайдо кардааст. Тамоми қирши ҷомеъаро ба мутоли намудани китоб ҷалб кардааст. Ин тарзи донишандўзӣ имконият фароҳам меоварад, ки насли имрўза ва ояндасози кишвар  дар рўҳияи ватандўстӣ, содиқ ба ғояҳои Сарвари муаззами милат тарбия ёфта. ба анъанаҳои  беҳтарини  гузаштаву имрўзаи  миллатамон содиқ ба камол расанд.

      Дар охир ғолибон муайян карда шуда, онҳо барои дар озмуни вилоятӣ ширкат варзидан ҳуқуқ пайдо карданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай