Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОЗМУНИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ.

                                 

     Аз рўйи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии «Беҳтарин мудир», «Беҳтарин котиби ҷамоат», «Беҳтарин ҳусни хат», «Беҳтарин бойгон», «Беҳтарин суханвар» ва «Беҳтарин хизматрасон» бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия озмун баргузор гардид. Дар озмун тамоми мутахассисони  марбут ба ин соҳаи тамоми Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд.

    -  Озмунро  ҳайати доварон аз вилоят доварӣ мекарданд ва онҳо беҳтаринҳоро интихоб намуда, барои дар озмуни вилоятӣ ширкат варзидан роҳхат медоданд. Чунин чорабинӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад. Озмун нишон дод, ки дар ноҳияи мо низ ҳастанд, кормандоне, ки  кору фаъолияти онҳо, дониши мукаммалашон  ба шартҳои озмун  ҷавобгў буда, таҷрибаи кофие дар ин соҳа доранд, вазифаҳои ба зимма будаашонро бо дили гарм ба сомон мерасонанд,-гуфт зимни суҳбат мудири бахши  асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия Абдураҳмонзода Сангимоҳ Рустам.

    Ҷамъбасти озмун ва муаррифии ғолибон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикитон дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай