Дар маҷлиси рўзи душанбе доиргардида раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар ибтидо оиди иҷроиши нақшаи ҷамъоварии андоз барои моҳи август гуфта гузашт ва ба масъулини соҳа таъкид намуд,ки корро дар ин самт беҳтар ташкил намоянд.
Дар бораи масъалаҳои дигари муҳими ҷамъомад- омодагӣ ба оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва пешниҳоди маълумоти ҳаррўза ҷиҳати қабули ҳосили пахта дар корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия ва берун аз он Раиси ноҳия сухан ронда, ба масъулони соҳа ва раисони ҷамоатҳо , шуъбаи омор супориш доданд, ки доири иҷроиши корҳо корро дуруст ташкил карда, ба ҷамъоварии пахта омодагии хуб бинанд .
Зери назорати ҷиддӣ қарор додани кишти картошкаю сабзӣ; захираи маводи хўрока, ба хусус донагиҳо аз масъалаҳое буданд, ки дар шароити кунунӣ аз масъалаҳои асосии рўз ба ҳисоб рафта , Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ медиҳад ва раиси ноҳия ба мутасаддиёни соҳа, раисони ҷамоатҳо супориш доданд, ки дар ин бора тадбирҳоӣ зарурӣ андешанд.
Қайд гардид,ки ба масъалаи захиракунии ҳама намуди хўроки чорво назорати ҷиддӣ бурда шавад.
Доири масъалаҳои ба анҷом расонидани дўхти либосҳои мактабӣ ва дастрас намудани онҳо ба хонандагон; пешниҳоди маълумот дар бораи қабули либосҳои мактабӣ дар ҳамаи мактабҳо; муайян ва пешниҳод намудани шумораи мошинаҳои дўзандагӣ ва дузандагон дар корхонаҳои дўзандагии ноҳия, назорат ба фаъолияти ярмаркаи фуруши либосҳои мактабӣ ва ашёҳои хониш раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода аз масъулин пурсиш ба амал оварда, таъкид намуданд, ки дар иҷрои корҳо ба саҳлангорӣ роҳ надода, чораандешӣ намоянд.
Ҷиҳати пешниҳоди маълумот дар барои рафти омодагӣ ба замистонгузаронии солҳои 2021- 2022 раиси ноҳия ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои маъорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар идораҳо баҳри амалишавии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси ноҳия оиди пешниҳоди маълумот дар бораи гузаронидани ваксинаи муқобили бемории навъи коронавируси –COVID 19 ва назорат ба риояи қойдаҳои беҳдоштӣ ба масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, раиси ноҳия барои корҳои беҳдоштӣ дар бозори марказии ноҳия ба шахсони мутасаддӣ супориш доданд, ки рўзи 12 август рўзи санитарӣ гузаронанд .
Маркази матуботи раиси ноҳия