Дар толори маҷлисгоҳи Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Муовини Раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ ва мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Мўсо Ҷаъфар доири забони тоҷикӣ маърўзаҳои ҷолиб намуданд. Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар васфи забон шеърхони карданд.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо суруду таронаҳои дилошўби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ