Рўзи дувоздаҳуми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ оиди натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 доир гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёвари директори генералии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҷўрахон Сайдализода, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, муовинони раиси ноҳия , роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо , бахши маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи солӣ ҷорӣ муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода баромад кард.
Баъдан, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода вобаста ба ин масъала дар ҳар бахши истеҳсолӣ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо пурсиши ҷиддӣ намуда, фаъолияти ҳамаи соҳаҳоро ҳаматарафа таҳлил намуда, баҳри рафъи камбудиҳо маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.
Баъди баромад ва таклифу пешниҳодҳо доири масъалаҳои мубрами рўз қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Маркази матбуоти раиси ноҳия

